19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

27 май дар Душанбе Фестивали атласу адрас баргузор мегардад

211
27 май дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнии пойтахт даври шаҳрии Фестивали атласу адрас ва намоишу фурӯши он доир мешавад. Дар ин хусус қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба тавсиб расид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Бояд гуфт, ки дар доираи баргузории фестивал барои тарғибу ташвиқи анъанаҳои фарҳанги либоси миллӣ ва истеҳсоли матоъҳои атласу адрас беҳтарин либосҳои миллӣ ба намоиш гузошта мешавад.

Дар идомаи фестивал барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ бо суруду тарона ва рақсҳои дилнишин пешкаши иштирокчиён мегардад.

Мақсад аз баргузории Фестивали атласу адрас — арҷ гузоштан ба либоси миллӣ, баланд бардоштани қадру манзалати ин либос, ки муаррифи фарҳанги миллӣ аст, суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои гуногуни миллӣ, инчунин тарғиби санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки санъати атласу адрасбофӣ дар асарҳои бостоншиносон, файласуфон, адибон, санъатшиносон ва кулли соҳаҳои илм инъикоси худро ёфтааст. Бозёфтҳои бостоншиносони минтақаҳои ориёинишин гувоҳӣ медиҳад, ки мардуми тоҷик ҳанӯз дар ҳамон давра матоъҳои гуногунро гулпартоӣ ва гулдӯзӣ менамуд ва он байни дигар мардумон маъруфу машҳур буд.

АКС аз манбаи боз




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво