24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ба шаҳри Кўлоб дигарбора газ омад

959
Баъд аз таъхири сесола ба шаҳри Кӯлоб дигарбора газ омад. Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб 7 км қубурҳои газгузар аз кони гази «Каримбердӣ» то шаҳри Кӯлоб насб шуданд. Давлат Муъминов, директори ҶСК «Кӯлобгаз» дар бастагӣ ба мавзӯъ гуфт: «Ҳоло зиёда аз 650 утоқи хонаҳои баландошёна ё 21 хонаи истиқоматии баландошёнаи маҳаллаи Шоҳини шаҳр бо гази табиӣ таъмин шудаанд. Ҳақки истифодаи газ барои як моҳ 16 сомониро ташкил медиҳад. Ба муддати зиёд набудани газ боис гашт, ки бархе аз сокинон қубурҳои газгузари утоқҳои худро канда партоянд ва ин ба раванди таъминоти газ ба аҳолӣ таъсир мерасонад. Масъулин мегӯянд ҳанӯз миқдори гази интиқол мешуда барои таъмини пурраи аҳолии шаҳри Кӯлоб кофӣ нест, аммо он барои таъмини хонаҳои баландошёнаи шаҳр басандагӣ мекунад. Коршиносон дар ҳоли маҳдудияти реҷаи барқ ва ваъдаи ҳавошиносон дар бобати замистони сарду тӯлонӣ, иқдомоти мақомоти иҷроияро дар самти таъминоти газ беҳтарин туҳфа барои сокинони шаҳр медонанд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво