БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 216 иншоот бунёд мешавад
330
Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бунёд ва навсозии 216 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, бунёд ва навсозии 17 муассисаи таълимӣ бо синфхонаҳои иловагӣ, 11 иншоот дар соҳаи фарҳанг, 3 иншооти шабакаҳои барқӣ, 26 иншооти саноатӣ, 25 иншоот дар соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, 6 иншооти варзишӣ, 50 адад дар соҳаи савдо ва хизматрасонӣ, 2 кошонаи ҳусн, 4 иншооти маъмурӣ ва 41 бинову иншооти дигар аз ҳамин ҷумла мебошанд. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин Қурбоналӣ Нуралиев иттилоъ дод.
Соли гузашта дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 51 иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шуд, ки Маркази савдои «Шамс» ва Маркази тиҷорати «Гулдаст» аз ин шумора буда, дар маркази ноҳия қомат афрохтаанд. Алҳол дар 46 иншооти бунёдшаванда корҳои сохтмонӣ идома дошта, дар 119 иншооти боқимонда лоиҳакашию ҳуҷҷатгузорӣ идома дорад. Бояд гуфт, ки тайи 4 моҳи соли 2023 аз иншооти нақшавӣ дар Ҷамоати деҳоти Даштиҷуми ноҳия аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ маркази савдо ба истифода дода шуд. Инчунин сохтмони Беморхонаи модару кӯдак дар маркази ноҳия, Маркази ҷавонон, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди МТМУ №7 – и деҳаи Дараи оби ҷамоати Доғистон барои 240 ҷойи нишаст ва дар назди бинои МТМУ №30 – и деҳаи Чагам барои 240 ҷойи нишаст идома дорад. Хушбахтона, бо дастгириҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи Кӯлоб-Шамсиддини Шоҳин навсозӣ шуда, пурра қирпӯш гардидааст. Ронандагон ҳамарӯза аз ин роҳ бе мушкилӣ равуо мекунанд. АКС: АМИТ «Ховар»
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |