27 феврал 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН: ДАСТОВАРД ВА МУШКИЛОТ». Таҳти ин унвон дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ баргузор мегардад

746
20 июл дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мавзуи «Рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон: дастовард ва мушкилот» конфронси илмӣ-амалӣ баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон.

Конфронси мазкур бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ бо мақсади муаррифии иқтидори сайёҳии Тоҷикистон, хусусан Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба нақша гирифта шудааст.

Дар кори конфронс баррасии масъалаҳо вобаста ба афзалияти соҳаи сайёҳӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, обҳои шифобахш-омили рушди сайёҳӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, тақвияти неруи инсонӣ, таъминоти кадрӣ ва шуғли пурмаҳсул дар соҳаи сайёҳӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, роҳҳои рушди инфрасохтор дар Бадахшон, рушди сайёҳии кӯҳнавардӣ ва шикор дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигар самтҳо дар назар дошта шудааст.

Дар Кумитаи рушди сайёҳӣ тазаккур доданд, ки бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидан ва ҷиҳати сари вақт омода намудани Барномаи конференсия вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда ному насаби баромадкунанда ва номи маъруза то 10 июни соли 2023 ба Кумитаи тадорукоти конференсия бояд ирсол карда шавад.

АКС аз манбаъҳои боз




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво