24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода аз шаҳрҳои Боку ва Минск боздид менамояд

158
Имрӯз ҳайати парлумонии мамлакат таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо даъвати Раиси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Сагиба Гафарова барои иштирок дар ҷаласаи махсуси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон бахшида ба 100-солагии Гайдар Алиев ба шаҳри Боку сафар намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷаласаи махсуси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон 16 май баргузор мешавад.

Ҳамчунин Маҳмадтоир Зокирзода бо даъвати Раиси Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Вячеслав Володин дар ҷаласаи сайёри Шӯрои Ассамблеяи парламентии Созмон, ки 18 май дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус доир мегардад, иштирок менамояд.

Ба ҳайат ҳамчунин раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода шомил мебошад.

АКС аз бойгонӣ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво