29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори намоишии аҳди давлатдории Сосониён ва Ҳайтолиён таҷдид гардид

290
Дар остонаи таҷлили Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо (18 май) яке аз толорҳои намоишии Осорхонаи миллии Тоҷикистон, ки ба давлатдории Сосониён ва Ҳайтолиён бахшида шудааст, таҷдид гардид. Дар ин хусус сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори намоишии аҳди давлатдории Сосониён ва Ҳайтолиён таҷдид гардид
Дар толори намоишии аҳди давлатдории сулолаи Сосониён ва Ҳайтолиён бозёфтҳои гуногун ба маъраз гузошта шудааст, ки аз рушду ташаккули фарҳангу тамаддун ва ҳунарҳои гуногуни ин даврон башорат медиҳад.

Толор пурра аз сари нав рангубор гардида, бозёфтҳо ва нигораҳои таърихӣ бо тарҳ ва дизайни нав ба маъраз гузошта шудаанд.

Ҳамзамон ба ҳолати равшанидиҳии толор таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, амсилаи ёдгории Кофирқалъа бо чароғҳои нуқтавӣ равшан гардонида шуд.

Таҷдиди толор ба табъу завқи бинандагон таассуроти тоза хоҳад бахшид.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво