29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар ноҳияи Шаҳристон сохтмони бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 идома дорад

298
Бахшида ба ​ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва саҳми соҳибкорону сокинон бунёди 8 синфхонаи иловагӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 идома дорад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани 8 синфхонаи иловагӣ дар ду баст барои таҳсили 400 нафар шароити зарурӣ фароҳам оварда хоҳад шуд. Арзиши лоиҳавии бинои таълимӣ 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ буда, дар айни замон сохтмон идома дорад.

Ба иттилои масъулин, дар ноҳияи Шаҳристон дар маҷмуъ 22 муассисаи таълимӣ мавҷуд буда, 10 670 хонанда дар онҳо таҳсил мекунад.

Инчунин дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5 толори варзишӣ бо харҷи 830 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, барои ба варзиш фаро гирифтани насли наврасу ҷавон пешбинӣ гардидааст.​

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво