25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

БО ИФТИХОРИ БАЛАНД АЗ СОҲИБВАТАНӢ. 200 хатмкунандаи Донишкадаи политехникӣ дар шаҳри Хуҷанд ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ шуд

138
12 май дар вазъияти тантанавӣ бо баргузор намудани чорабинии пуршукуҳ дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд маросими гусели қариб 200 хатмкунандаи ин муассисаи олӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд Маъмури Юсуфзод хабар дод.

Дар маъракаи гусел роҳбарияти вилояти Суғд, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, Донишкадаи политехникӣ дар шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд.

Таъкид шуд, ки тибқи анъана, донишҷӯёни донишкада аз ҳисоби хатмкунандаҳо бо хоҳиши худ ду сол инҷониб барои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори омодагӣ мекунанд. Имрӯз низ як гурӯҳ аз донишҷӯён пас аз супоридани имтиҳонҳои давлатӣ ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ шуданд.

Вақте сухан дар бораи ҳимояи марзи Ватан меравад, пеши назар симои ҷавонони бонангу номус ва далеру шуҷоъ меояд. Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд, «адои хизмат дар сафи Артиши миллӣ на танҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург буда, хизмати ҳарбӣ барои ҳар ҷавонмард ҳамчун мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худогоҳиву меҳанпарастӣ хизмат мекунад».

Изҳори умедворӣ карда шуд, ки ҷавонони донишкада бо дониши мукаммал ва рафтори намунавии худ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ масъулиятнокӣ ва далерӣ нишон хоҳанд дод.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво