28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сармоягузорони Кореяи Ҷанубӣ ва Чин дар вилояти Хатлон корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ таъсис медиҳанд

115
Имконияти ҷалби сармоягузории хориҷӣ, ҳамкорӣ дар самти таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, табодули таҷриба ва содироти молу маҳсулот аз ҷумлаи масъалаҳои асосие буд, ки зимни мулоқоти Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо ҳайати сармоягузорон аз Кореяи Ҷанубӣ ва Чин мавриди баррасӣ қарор дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.

Хатлон яке аз вилоятҳои калонтарини ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, 70 фоизи маҳсулоти кишоварзии мамлакат дар ин вилоят истеҳсол мешавад. Ҳамзамон аз ҳисоби маҳсулоти кишоварзӣ ҳамасола беш аз 100 ҳазор тоннаи он ба хориҷи мамлакат содирот мегардад.

«Имрӯзҳо аз ҷониби давлату Ҳукумат, аз ҷумла Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои ҷалби сармоягузорону соҳибкорони ватанию хориҷӣ ҷиҳати рушди иқтисодиёту саноат фазои мусоиди рушди тиҷорат фароҳам оварда шудааст»,-гуфта шуд зимни вохӯрӣ.

Дар ҷараёни мулоқот намояндагони доираҳои сармоягузории Корея ва Чин пешниҳод ва нақшаҳои тиҷоратии хешро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталифи сармоягузориву бунёди коргоҳҳои муштарак баён доштанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво