24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Агентии давлатии иттилоотии Туркманистон «TDH» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

305
Имрӯз дар доираи сафари давлатии Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Ёддошти тафоҳум байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Агентии давлатии иттилоотии Туркманистон «TDH» ба имзо расид.

Санади мазкурро пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Туркманистон дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов Директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Субҳиддин Шамсиддинзода ва Раиси Агентии давлатии иттилоотии Туркманистон «TDN» Мердан Газакбаев имзо намуданд.

Ёддошти тафоҳум бо мақсади таҳким бахшидани ҳамкорӣ дар самти табодули иттилоот ба тасвиб расид.

Дар асоси ин санад ҷонибҳо роҷеъ ба рӯйдодҳои муҳими ҳаёти дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон ва Туркманистон ба ҳамдигар мавод пешниҳод намуда, ба хотири баланд бардоштани маҳорати касбии кормандон табодули таҷриба ва сафарҳои омӯзишӣ ба роҳ мемонанд.

Ёдовар мешавем, ки дар маҷмуъ дар доираи сафари давлатии Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вазорату идораҳо 22 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво