7 декабр 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов мулоқот намуданд

155
10 май Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов, ки бо сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар оғози суҳбат Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедовро ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфтанд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки сафари нахустини давлатии Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов ба Тоҷикистон дар рушду тавсеаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории стратегии ду давлат нақши муассир хоҳад гузошт.

Дар мулоқот ҷонибҳо дар атрофи маҷмуи васеи масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ, инчунин густариши робитаҳои байнипарлумонӣ бо таваҷҷуҳ ба сӣ соли равобити дипломатии байни ду давлат мубодилаи афкор намуданд.

Зимни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардид.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво