15 июн дар ҳамаи муассисаҳои иҷтимоии вилояти Суғд хони идона густурда мешавад
734
Бахшида ба иди Рамазон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ 15 июни соли равон дар 19 муассисаи иҷтимоӣ, аз ҷумла, хона-интернатҳо барои пиронсолон ва маъюбон, муассисаҳои махсуси томактабӣ, мактаб-интернатҳо, мактаби бачагони ятим ва маъюб ва хонаҳои кӯдакони вилояти Суғд аз ҷониби роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва сарпарастони муассисаҳо барои бошандагон дастархонҳои идона ороста шуда, ҳамчунин барномаҳои фарҳангӣ пешниҳод мегарданд.
Дар ин бора масъулин аз шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иттилоъ доданд. Бояд гуфт, ки дар рӯзҳои ҳар иду ҷашнвора аёдат ва дасти саховат дароз намудан ба шахсони ниёзманд, яккаву танҳо, кӯдаконе, ки аз навозиш ва меҳру муҳаббати волидон дур мондаанд, амали хайру савоб ба шумор меравад. Аз ҷумла, дар мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар 12 майи соли равон доир ба фазилатҳои моҳи шарифи Рамазон, рукнҳои он, таҳаммулпазириву эҳтироми якдигар, раҳму шафқат ва кумак намудан ба эҳтиёҷмандону камбизоатон сухан гуфта шуда, масъулини сохторҳои гуногун вазифадор гардиданд, ки ин қишри ниёзманди ҷомеаро дар ин моҳи хайру сахо дастгирӣ намоянд. манбаъ: АМИТ «Ховар»
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |