29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе бахшида ба бузургдошти 1050-солагии Абурайҳони Берунӣ Симпозиуми байналмилалии илмӣ доир мегардад

146
9-10 октябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе Симпозиуми байналмилалии илмӣ бахшида ба бузургдошти 1050-солагии Абурайҳони Берунӣ таҳти унвони «Абурайҳони Берунӣ – кашшофи асрори табиат» дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ҳадаф аз баргузории Симпозиум баррасии ҳамаҷонибаи ҷанбаҳои таърихӣ, илмӣ, фарҳангӣ, иҷтимоии осори Абурайҳони Берунӣ ва саҳми ӯ дар тамаддуни башарӣ мебошад.

Интизор меравад, ки дар он олимони маъруфи шарқшинос, муаррихон, фарҳангшиносон, забоншиносон, адабиётшиносон, диншиносон, сиёсатшиносон, устодони донишгоҳҳо, намояндагони созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ иштирок намоянд.

Дар кори симпозиум иштирокчиён дар мавзуъҳои «Нақши Абурайҳони Берунӣ дар пешрафти илмҳои ҷаҳонӣ», «Даврони Абурайҳони Берунӣ ва рушди илм», «Мероси табиатшиносии Абурайҳони Берунӣ ва илми муосир», «Равишҳои муосир дар шинохти осори Абурайҳон Берунӣ», «Нусхаҳои хаттии осори Абурайҳони Берунӣ дар Тоҷикистон», «Таҳқиқу нашри осори Абурайҳони Берунӣ дар Тоҷикистон» ва «Абурайҳони Берунӣ ва тамаддуни муосири ҷаҳонӣ» маърӯзаҳои хоҳанд кард.

Бояд тазаккур дод, ки 11 ноябри соли 2021 зимни ҷаласаи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО тибқи тавсияи Шӯрои иҷроияи ЮНЕСКО ва қарори 41 C/15 Конфронси генералӣ номинаи муштараки Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон доир ба 1050-солагии зодрӯзи олими барҷастаи Шарқ Абурайҳони Берунӣ ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои таҷлил дар солҳои 2022-2023 ворид гардид.

АКС аз манбаъҳои боз




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво