25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

21 май дар Тоҷикистон Дави миллӣ доир карда мешавад

63
Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола 23 май дар ҷумҳурӣ гузаронида мешавад, 21 май дар тамоми қаламрави Тоҷикистон Дави миллӣ доир карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Мусобиқаи мазкур 21 май, соати 07:30 тавассути кӯчаҳои Карамов-хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе доир мешавад.

Ҳамзамон бо назардошти оммавият, рушди намуди варзиши велосипедронӣ дар мамлакат ва ҷалби бештари аҳолӣ ба он 21 май пеш аз оғози баргузории Дави миллӣ дар саросари ҷумҳурӣ марафони велосипедронӣ дар назар дошта шудааст.

Мақсад аз баргузории мусобиқа-таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ мебошад. Мусобиқаи мазкур маъракаи умумимиллӣ буда, барои солимӣ ва оммавияти варзиш баргузор карда мешавад. Дави миллӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола дар ҷумҳурӣ якшанбеи сеюми моҳи май гузаронида мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво