БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Балҷувон аввалин бинои панҷошёна ба истифода дода мешавад
312
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон бинои истиқоматии панҷошёна бунёд мегардад.
Тавре ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, ин аввалин бинои панҷошёна мебошад, ки барои сокинон сохта мешавад. Пудратчии сохтмон ҶДММ «Ганҷи дарё» буда, ҳоло бештари корҳои сохтмонии бино анҷом дода шудааст. Бино аз 5 ошёна, 42 ҳуҷра, 2 даромадгоҳ иборат буда, хати обу корез мувофиқи қоида насб гардидаанд. Хонаҳои истиқоматӣ аз 1, 2 ва 3 ҳуҷра иборат мебошанд. Тибқи иттилои масъулин, бинои истиқоматӣ дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ ба истифода дода мешавад. Дар ноҳия бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмони 49 иншооти мухталиф ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ идома дорад. Қаблан 5 бинои истиқоматӣ- 2 сеошёна ва 3 дуошёна барои хизматчиёни давлатӣ сохта шуда буд. Бояд гуфт, ки давоми солҳои охир бо супоришу дастгириҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳияи Балҷувон ободу зебо гашта истодааст. АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |