5 декабр 2020, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Нигаронии ВКХ ҶТ аз куштори Ш. Ҷобирова дар пойгоҳи низомии Русия

767
10 ноябри соли 2015 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фроловро ба ҳузур пазируфт.
С. Аслов роҷеъ ба куштори шаҳрванди Тоҷикистон Шоира Ҷобирова дар ҳудуди пойгоҳи низомии Русия дар шаҳри Душанбе изҳори нигаронӣ карда, таъкид намуд, ки ҳодисаи рухдода ба руҳияи дӯстии анъанавӣ ва шарикии стратегӣ байни ду кишвари мо ҷавобгӯ намебошад.
Дар анҷоми вохӯрӣ ба сафири Русия Ёддошти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон супорида шуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст: «Ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби Русия талаб менамояд, то ба ҳодисаи рухдода баҳои воқеъбинона дода, ҷиҳати роҳ надодан барои такрор шудани чунин рафторҳо аз тарафи хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд».






Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво