29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ- татбиқи барномаҳои ободонию созандагӣ дар пойтахти мамлакат

757
Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Камоли Хуҷандии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе маҷмааи варзишии замонавӣ ба истифода дод.

Майдончаи варзишӣ барои бозиҳои футбол, волейболу баскетбол ва бозиҳои кӯдакона махсус гардонида шудааст.
 Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ- татбиқи барномаҳои ободонию созандагӣ дар пойтахти мамлакат
Атрофи майдончаи варзишӣ бо гулҳои мавсимӣ сабзу хуррам ва зебо гардонида шуда, сокинони маҳаллаи Камоли Хуҷандии пойтахт аз бунёд ва ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар ин маҳалла хушнуд гардиданд. Онҳо дар маҳаллаашон ба истифода додани иншооти варзиширо самараи ғамхории доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки бунёд ва ба истифода додани майдончаҳои варзишию солимгардонӣ дар пойтахт дар заминаи татбиқи барномаҳои ободонию созандагӣ ва зебо гардонидани симои шаҳри Душанбе амалӣ мегарданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво