5 декабр 2023, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«ИЛМ–АСОСИ РУШДИ ИННОВАТСИОНӢ». Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд

210
27 апрел дар доираи Ҳафтаи илм ба муносибати Рӯзи илми тоҷик дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ таҳти унвони «Илм – асоси рушди инноватсионӣ» Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ—амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур иттилоъ доданд.
«ИЛМ–АСОСИ РУШДИ ИННОВАТСИОНӢ». Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Дар ҷаласаи пленарии конференсия маърузаҳо дар мавзуъҳои «Ҳифзи пиряхҳо ва проблемаҳои захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Зеҳни сунъӣ: хатаровар ё ёрирасони инсон?», «Саҳми Пешвои миллат дар соҳаи обу иқлим» ва ғайра пешниҳод гардид.

Маводи мақолаҳои конференсия оид ба самтҳои гуногуни конференсия дар доираи зиёда аз 110 мақолаи илмӣ гирд оварда шудааст.

«ИЛМ–АСОСИ РУШДИ ИННОВАТСИОНӢ». Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Мақолаҳо ба 6 бахш (11 самт) тақсим шудаанд, ки аз “Энергетика ва иқтисод”, “Технологияи кимиё ва металлургия, мошинсозӣ, маводшиносӣ ва технологияи мавод”, “Сохтмон ва меъморӣ”, “Технологияи иттилоотӣ ва илмҳои бунёдӣ”, “ Нақлиёт ва сохтмони нақлиётӣ», «Илмҳои иҷтимоӣ ва гуманитарӣ, экология ва идоракунии сифати таълими муҳандисӣ» иборатанд. Дар маҷмуа натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ ва амалии олимону муҳаққиқон оварда шудааст.

Дар охир омӯзгороне, ки дар омодакунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ, кадрҳои баландихтисоси муҳандисӣ ва иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ саҳми назаррас гузоштаанд, бахшида ба Рӯзи илми тоҷик бо сипоснома ва ифтихорнома қадрдонӣ карда шуданд.







АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво