Тоҷикистон ва Русия ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд![]()
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи сайёҳӣ зимни мулоқоти роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо директори иҷроияи ҶДММ «ГСХ»-и Федератсияи Русия баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мулоқот атрофи масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ, омӯзиши таҷрибаи Русия ва ҷалби сармоягузорӣ дар ин самт табодули афкор анҷом дода шуд. Ширкати мазкур соли равон пудратчии ташкилоти «Московский экспортный центр»-и Русия оид ба ташкил намудани сафарҳои корӣ ба Тоҷикистон муайян шудааст. АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Матолиби ҳамсон
|
![]() ![]() НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |