15 июл 2024, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ҚОНУНИ ТАНЗИМ – ПЕШГИРИИ РОҲИ ХАРОҶОТУ ИСРОФКОРИҲО. Он ба баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти мардуми Тоҷикистон равона гардидааст

304
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 8 июли соли 2007 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Оё чӣ зарурате буд барои таҳия ва қабули ин қонун ва он чӣ ҳадафҳоеро пайгирӣ мекард? Бо чӣ сабабҳо мардум аз амалӣ гардидани ин қонун хуш истиқбол намуд? Ва дар муддати ин солҳои гузашта оё чӣ натиҷаҳое ба даст оварда шуд?

Барои посух гирифтан ба ин саволҳо ва дарёфти мафҳуми танзим таваҷҷуҳ намоед ба андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло.

— Танзим, яъне ба низом, ба тартиб даровардан аст. Тамоми мавҷудоти зинда ва табиат танзими худро дорад. Ва танзим аст, ки асоси бомароми зиндагӣ ва рушди табиату инсонро нигоҳ медорад. Вайрон шудани танзим дар як ҷисм, дар як пайкар ва ҳар зуҳуроти дигари табиат сабаби аз саф бароман ва инқирози пайвастаи он мавҷудот мегардад.

Акнун меоем бар сари чунин савол: Оё чӣ зарурат буд, ки анъана ва ҷашну маросими мо ба танзим дароварда шавад?

Чунонки маълум аст, миллати тоҷик ҳамчун яке аз миллатҳои қадимиву соҳибтамаддуни дунё дар ҳама давру замон бо суннату ойинҳои фархундаву дурахшони худ машҳур аст. Мусаллам аст, ки дар ойинҳову расму русум ва анъанаҳои миллии тоҷикон, дар маросими оламшумули он чеҳраи фарҳангӣ, илму адабу дониш ва фазилатҳои дигари дурахшони миллати мо, аз ҷумла ҳунарҳои волову беназири миллӣ зуҳури дурахшон доранд. Аммо дар зиндагӣ ҳар чиз, ҳар амал, ҳар зуҳурот сарҳади ниҳоии худро дорад. Ва гузаштан аз ҳар сарҳаде инсонро ба ифроткорӣ мерасонад, ки сабаби малоли хотир ва натиҷаҳои ғайридилхоҳ мегардад.

Дуруст аст, ки халқи ҳунарманду соҳибфазилати мо бе анъанаҳои неку башардӯстона ва маросими инсонпарваронаи худ наметавонад вуҷуд дошта бошад, зеро ин тақозои завқи баланд ва истеъдоди эҷодкори ин миллати куҳанбунёд аст. Ин анъанаву маросим тайи ҳазорсолаҳо чеҳраи хираду одоб ва фарҳангии миллати моро дар худ таҷассум карда меоянд.

Аммо дар қатори падидаҳои неку хайрхоҳонае, ки суннатҳои мо ҳамеша барандаи онҳо буданд, солҳои охир як тамоюли канор рафтан аз онҳо, меъёрҳову ҳадафҳое, ки ҳамеша аз ҷониби халқи мо пайгирӣ мешуданд, ба чашм мерасид. Хусусан дар баъзе мавридҳо дар иҷрои ин маросим баъзе одамони дорову пулдор ба ифрот мерафтанд ва ин сабаби он гардид, ки дар ҷомеа мусобиқаи худнамоӣ ва исрофкорӣ падид омад, ки он зуҳуроти солим набуд. Мардуми одиву заҳматкаши тоҷик, ки соҳиби нангу ор ва ному нони хешанд, ноогоҳу номаълум, ғайриихтиёр ба ин мусобиқаи кӣ беҳтару кӣ зӯртар дастархон меорояд, кӣ метавонад базмҳои пурдабдаба барпо кунад, кашида мешуданд. Тӯйҳои бесарунӯги ҳангуфт, базмҳои пурдабдабаи нолозим, ки боиси хароҷоти беҳуда мегардиданду зиёни эҳсосшавандае ба буҷаи хонавода мерасониданд, рӯз то рӯз меафзуд. Дар он рӯзгори барқароршавии иҷтимоиву молиявии мамлакат ва бозсозиҳо, ки давлату Ҳукумати Тоҷикистон аз сифру хазинаҳои холӣ пайваста ба мамлакати мо эҳёву нумӯи тоза мебахшид, бо камбизоатии мардум мубориза мебурд ва дар пайи боло бурдани сатҳи зиндагонии халқ буд, баробар бо он чунин мусобиқаи гузаронидани маъракаҳои бебунёду беманфиат ва зиёновар одат шуда монд. Мову шумо шоҳиди он будем, ки чӣ гуна ҳамдиёрони мо пас аз заҳмат ва машаққату азобҳо дар диёри бегона ҳама маблағи ҷамъкардаи худро ба ҷои сарф кардан барои ободонии хонаву дар ва тарбияи фарзандон дар як тӯйи ҳангуфт бар бод медоданду боз мерафтанд ба мардикорӣ дар кишвари бегона. Аз сари ор, аз сари нанг бояд як одами камбизоат ҳам барои нигоҳ доштани обрӯи худ дар ҷомеа, дар назди ҳамсояҳо, ҳатто ба қарз меғӯтид, аммо чунин маъракае, ки на камтар аз дигарон бошад, бунёд мекард. Ва, албатта, кор то ба ҷойе расид, ки бояд пеши роҳи чунин исрофкориҳои харобиовар гирифта мешуд.

Ана дар чунин замон боз ҳам заковату даҳои Пешвои миллатамон мададгор шуду бо ташаббусашон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва қабул гардид. Яъне метавон гуфт, ин қонун чун наҷоти мардуми одӣ сари вақт қабул гардид ва бори халқи одиро хеле сабук кард.

ҚОНУНИ ТАНЗИМ – ПЕШГИРИИ РОҲИ ХАРОҶОТУ ИСРОФКОРИҲО. Он ба баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти мардуми Тоҷикистон равона гардидааст

Мо ба чашми худ дидем, ки қабули ин қонун ва пешгирии роҳи хароҷоту исрофкориҳо, ба манфиати хонаводаву беҳбудии рӯзгор ва таълиму тарбияи фарзандон равона шудани маблағи сарфашуда имрӯз чанд баробар сатҳи зиндагии мардуми моро баланд бардоштааст.

Воқеан қонуни мазкур, чунонки дар он гуфта шудааст, бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони мамлакат равона гардидааст, ки дар тӯли 16 соли сипаришуда мо шоҳиди он гардидем.

Имрӯз ин қонун мақсаду вазифаҳои дар наздаш гузоштаро дар доираи амали худ муваффақона пайгирӣ менамояд. Яке аз он ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардум ва мусоидат намудан барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ мебошад, ки зарари ҳангуфти худро ба аҳолӣ, ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон мерасонад.

Ҷолиб аст, ки амаликунандагони ин қонун на фақат мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаву корхонаҳо, шахсони воқеӣ, новобаста ба вазъи иҷтимоиву мансубияти миллӣ, балки худи мардум ва аҳолии мамлакат мебошад. Яъне ҳадафҳои неки ин қонун боз ҳам ба ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва аз як гиребон сар баровардани халқу ҳукумат меоварад.

Гумон мекунем, бори дигар ёдовар шудан аз нуктаҳои асосии ин қонун аз манфиат холӣ набуда, моро ба қабули дурусту баҳрабардории баманфиат аз он раҳнамоӣ мекунад.

Аз ҷумла, маънидоди дигарбораи мафҳумҳои анъана, маросим ва ҷашн барои сарфаҳм рафтан ба моҳияти ҳадафҳои қонун мусоидат мекунад. Масалан: анъана — маҷмуи арзишҳои моддӣ ва маънавии мероси иҷтимоию фарҳангии ҷомеа ва ё гурӯҳҳои алоҳидаи ҷамъиятӣ мебошад, ки аз насл ба насл мегузарад; маросим – маҷмуи амалҳои рамзие мебошад, ки муносибати шахсон ва гурӯҳҳои иҷтимоиро ба падидаҳои муҳими ҳаёти фарҳангии ҷомеа муқаррар менамояд; ҷашн – таҷлили рӯйдодҳо ва ё санаҳои таърихию фарҳангӣ, ҷамъиятӣ ва оилавӣ мебошад.

Шарҳи ин мафҳумҳо беҳуда оварда нашудааст, зеро онҳо ба мо барои дарки моҳияти ҳар яке аз ин зуҳурот ва кор гирифтан аз он хеле заруранд.

Барои амалӣ намудани қонуни танзим дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти мамлакат комиссияҳи доимии амалӣ таъсис дода шудаанд, ки аз рӯи Низомномаи махсус амал мекунанд. Мо худ имрӯзҳо мебинем, ки чӣ гуна амалӣ гардидани қонун аз самаранокии фаъолияти ин комиссияҳо вобаста аст. Ва хусусан дар он ҷойе, ки ин комиссияҳо фаъолияти пурсамарро пеш гирифтаанд, риоя ва иҷрои қонуни танзим беҳтар ба назар мерасад. Аммо ҳадафи Комиссияи доимии мазкур набояд фақат назорат бошад, балки бештар аз он кор бурдан дар байни мардум, фаҳмонидани моҳият ва манфиати қонуни танзим ба аҳолӣ, балки ба ҳар шаҳрванд низ бояд бошад. Дар ин маврид дар моддаи 6-и қонун, дар боби ”Салоҳияти Мақомоти ваколатдор ва комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим” амалиёти мушаххас пешниҳод карда шудааст.

Дар қонуни танзим оид ба Танзими ҷашну маросими расмӣ ва оилавӣ чунин оварда шудааст, ки ҷашнҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ, Наврӯз, Сада, Меҳргон, идҳои Рамазон, Қурбон ва дигар идҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд.

Аммо дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани санаи таъсиси идораву муассиса, ташкилоти давлатӣ, ҳамчунин зодрӯз ва ёдбуди шахсоне, ки ба давлат ва ҷамъият хизматҳои шоиста кардаанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд анҷом дода шавад.

Ва дар баробари ин оростани зиёфати расмӣ ба муносибати таъйин шудан ба вазифаи давлатӣ, гирифтани рутба, унвон, мукофоти давлатӣ ва дараҷаҳои илмию тахассусӣ манъ карда шудааст.

Дар мавриди таҷлили ҳашни зодрӯзу хатнасур, тӯйи домодиву арӯсӣ, маросими дафну азодорӣ, маросими ҳаҷ, ҷои баргузории онҳо низ мушаххас бо назардошти бе хароҷоти зиёдативу исрофкорӣ дар қонуни танзим пешниҳодҳои мушаххас дода шудаанд, ки риояи онҳо мувофиқи қонун вазифа ва қарзи ҳар шаҳрванд мебошад.

Масалан, гузаронидани ҷашни зодрӯз ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила иҷозат дода шудааст. Гузаронидани маъракаи хатнасур, ки аз суннати дерини халқи мо аст, ба таври ихтиёрӣ дар як рӯз бо иштироки 60 нафар танҳо дар доираи як чорабинӣ (додани зиёфат) бо харҷи кам иҷозат дода шудааст. Ва ба манфиати мардум аст, ки он падидаи номатлуби зиёновари як ҳафта тӯл кашидани ҷашни хатнасур бо хароҷот ва чорабиниҳои зиёдатӣ аз байн бардошта шуд.

Ҳамчунин тӯйи домодиву арӯсӣ, ки низ аз анъанаҳои дерини мардуми мо мебошад, ба таври ихтиёрӣ бо оростани зиёфат барои то 150 нафар ва додани оши тӯй барои 200 нафар аз ҳисоби ҳарду ҷониб гузаронида мешавад ва дар ростои ин гузаронидани маъракаҳои зиёдатӣ ва пурхароҷоти фотиҳаи тӯй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, сандуқбиёрон, чойгаштак, раисталабон, қудоталбон, тақдими сарупо ба хешовандону наздикон, ба истиснои туҳфаҳо барои домоду арӯс манъ карда шудааст. Чунон ки мебинем, қонуни танзим ба манфиати мардум ҳама хароҷоти нодаркору зиёдатиро сарфи назар намудааст ва пешниҳод гардидааст, ки маблағи сарфашуда барои рӯзгор ва ба манфиати хонаводаи оилаи навбунёд истифода карда шавад.

Як падидаи нек дар таҳияи қонуни танзим аз байн бардоштани оши худоӣ мебошад. Ман ҳамеша дар шигифт будам, ки дар хонаи инсони фавтида ба болои мотам боз дастурхон ороставу ош мехӯранд. Дар мавридҳое, ки ин шахси фавтида хурдсол ё ҷавон бошад, ин амал хеле шигифтангез аст. Хайрият, ки ба шарофати қонуни танзим ин одати номатлуб аз байн бардошта шуд.

Мушоҳидаи ман аз гирифторӣ ба баъзе суннатҳои нолозим чунин аст, ки миллати нексиришту хайрхоҳи мо гоҳе бо муҳаббати баланди инсонигарӣ ва хушбоварӣ саргарму гирифтори гузаронидани чунин маъракаҳо гардидааст, ба хотири қафо намондан аз дигарон, ба хотири мулзам набудан дар пеши ҷомеае, ки ин маъракаҳоро раво дидааст ва гоҳе аз сари нангу ҷавонмардӣ буду шуди худро сарф кардааст, то аз қатор намонад. Маълум аст, ки мардуми мо некниҳод, меҳмондӯсту дастурхонкушод мебошад ва омода аст, ки охирин пораи нонашро ба пеши меҳмон гузорад, албатта, ин сифати нек аст ва ин амал мавриди дигар аст. Аммо ҳар чиз сарҳад дорад, аз ҷумла расму ойин ва ҷашну маъракаҳо низ.

Гумон мекунам, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» амри вақту замон буд, ки бо ташаббуси Пешвои миллатдӯсту соҳибватани мо амалӣ гардид ва на танҳо сабукиҳое ба дӯши мардуми мо овард, балки ҳавои таассубу хурофот ва гирифториҳои зиёдативу нодаркорро аз сари мардуми мо дур кард.

Чунонки мебинем, пас аз расидан ба Истиқлоли давлатӣ миллати соҳибтамаддун ва фарҳангии мо, Ҳукумати Тоҷикистон бо Пешвои меҳанпарасту фозили худ пайваста аз роҳи худшиносии миллӣ, ваҳдати миллӣ ва шинохти ҳувияти худ бо қонунгузориҳо ва чорабиниҳои муҳими давлатӣ ба асолати миллии худ боз мегардад ва ба оламиён паём аз миллати соҳибтамаддуну башардӯст мебарад.

Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
ходими адабии АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво