26 май 2024, якшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Намояндагони Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Риёз иштирок мекунанд

167
Роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 апрел тавсеаи ҳамкории ду давлатро дар бахши сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар медиҳад.

Дар ҷараёни мулоқот иброз карда шуд, ки барои дар сатҳи баланд барқарор кардани ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ дар самти сайёҳӣ ва ширкатҳои сайёҳии тарафҳо бояд ҳарчӣ зудтар санади ҳамкорӣ ба имзо расонида шавад. Дар айни замон лоиҳаи санади ҳамкорӣ дар баррасии ҷониби Арабистони Саудӣ қарор дорад.

Инчунин зимни вохӯрӣ Сафири Арабистони Саудӣ дар Душанбе оид ба Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Риёз, ки баргузории он моҳи майи соли 2023 дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ ба нақша гирифта шудааст, маълумот дода, даъват ба амал овард, ки намояндагони соҳаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он иштирок кунанд.

Роҳбарияти Кумита баён доштанд, ки намояндагони Тоҷикистон барои иштирок дар намоишгоҳи мазкур омодагӣ гирифта истода, барои муаррифии имконияти сайёҳии мамлакат тамоми тадбирҳо андешида мешавад.

Ҳамзамон пешниҳод карда шуд, ки байни мақомоти дахлдори сайёҳии тарафҳо бояд вохӯрии маҷозӣ ташкил гардад. Барои анҷом додани ин кор масъул аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон муайян шавад.

Роҳбарияти Кумита ба сафири Арабистони Саудӣ оид ба имтиёзҳои роҳандозишуда аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла раводид, имтиёзҳо барои сармоягузорон маълумот дод. Иброз карда шуд, ки сайёҳӣ ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Дар вохӯрӣ масъалаҳо вобаста ба ҷалби сармоя барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва татбиқи лоиҳаҳои мақсаднок мавриди баррасӣ қарор гирифт.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво