17 июн 2024, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд се озмоишгоҳи муосири илмӣ-тадқиқотӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

96
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров се озмоишгоҳи муосири илмӣ-тадқиқотӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ “Ховар” дар раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд хабар доданд.

Озмоишгоҳҳои “Идоракунии рақамӣ” ва “Интернет – ашё” дар факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ ва озмоишгоҳи “Таълими рақамӣ” дар факултети математика дорои дастгоҳу таҷҳизоти муосир буда, мақсад аз амалӣ намудани ин иқдом таъмини рушди соҳаи илму техника ва тайёр намудани кадрҳои лаёқатманд ва татбиқи ҳамаҷонибаи ҳадафҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” арзёбӣ мешавад.

Самтҳои асосии тадқиқоти озмоишгоҳи “Идоракунии рақамӣ”-ро, ки дар факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ таъсис дода шуд, коркард ва татбиқи системаҳои пешқадами идоракунии рақамӣ, ба монанди имзои рақамӣ, ҳуҷҷатнигорӣ, идоракунии равандҳои иқтисодӣ, банақшагирӣ, татбиқ ва истифодаи системаҳои идоракунии автоматишуда фаро мегирад.

Тазаккур дода шуд, ки коркардҳои озмоишгоҳӣ асосан барои рақамикунонии соҳаи истеҳсолот, тиҷорат, хизматрасонӣ, маориф, тиб ва дигар бахшҳои муҳими ҳаёти ҷомеа истифода хоҳанд шуд.

Зимни ба истифода додани озмоишгоҳи нав таъкид гардид, ки гузариш ба иқтисодиёти инноватсионӣ талаби замон буда, анҷоми ин тадбир барои идоракунии маълумот, беҳтар гардидани дастрасӣ ва сифати хизматрасонӣ, инчунин рақобатпазирии ширкатҳо ва тайёр намудани кадрҳои соҳибтахассус имконияти мусоид фароҳам меорад.


Тадқиқи имконияти идоракунии автоматии таҷҳизот, аз ҷумла системаи равшанидиҳанда, техникаи маишӣ, техникаҳои назоратӣ, таҳқиқ ва коркарди таҷҳизоти худкор, ташаккули робототехника ва рушди он дар ҷомеа самтҳои асосии фаъолияти озмоишгоҳи дигар таҳти унвони “Интернет – ашё” мебошад.

“Интернет – ашё” системаи ба ҳам алоқаманди компютерӣ ва таҷҳизоти механикию рақамӣ маҳсуб мешавад, ки бо идентификаторҳои нодир муҷаҳҳаз буда, имконияти интиқоли маълумот ба воситаи шабака бидуни зарурати таъсири мутақобила бо инсон ё компютерро соҳиб мебошад.

Ҳамзамон дар факултети математикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмоишгоҳи “Таълими рақамӣ” ба фаъолият шуруъ намуд.

Дар озмоишгоҳ барои ҷорӣ намудани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ оид ба рақамикунонии таълими математика ва информатика заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст.

Интизор меравад, ки дар доираи фаъолияти озмоишгоҳ таҳияи видео-дарсҳо, ташкили дарсҳои амалӣ дар форматҳои гуногуни мултимедиявӣ, омода намудани шаклҳои интерактивии мониторинг ва назорати дониш, таъмини дастрасӣ ба захираҳои таълимӣ, ташкили кори «зинда» ва фосилавӣ бо омӯзгор бо сифати баланд амалӣ шавад. Ҳамзамон натиҷаҳои тадқиқот барои таълими фосилавӣ, омӯзиши мустақилонаи фанҳо дар синни калонсолӣ ё якҷоя бо кӯдакон, кори илмӣ, таҳсили олӣ ва ташкили курсҳои такмили ихтисос мавриди истифода қарор гирад.

Озмоишгоҳи “Таҳсилоти рақамӣ” ба суръат бахшидани раванди табдилдиҳии системаи рақамии таҳсилоти миёна ва олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар вилояти Суғд нигаронида шуда, метавонад ҳайати омӯзгорони минтақаро оид ба гузариш ба таълими рақамӣ муттаҳид созад.

АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво