28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хуҷанд бунёд, таъмир ва навсозии 590 иншоот ба нақша гирифта шудааст

372
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми соли 2022 ва се моҳи сипаришудаи соли 2023 дар шаҳри Хуҷанд 226 иншооти таъйиноти гуногун бунёд, таъмир ва навсозӣ карда шуд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд.

Аз шумораи иншооте, ки дар ин давра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, 20 адади онро коргоҳу корхонаи саноатӣ ташкил медиҳад.

Дар маҷмуъ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бунёд, таъмир ва навсозии 590 иншоот ба нақша гирифта шудааст.

Нақшаи мукаммали созандагӣ дар шаҳри Хуҷанд асосан фарогири тарҳҳои бузургу замонавӣ, ба монанди бунёди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ, мактабу кӯдакистонҳо, майдону толорҳои варзишӣ, дармонгоҳҳои муосир, марказҳои хизматрасонӣ ва савдо, инчунин навсозии роҳҳои мошингард ва боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ мебошад.

Аз иншооти сохташаванда шумораи зиёди онро биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ташкил медиҳад.

Тазаккур дода шуд, ки дар вақти бунёди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ таваҷҷуҳи асосӣ ба сифати корҳо равона гардида, ҳар амали сохтмонӣ дар асоси лоиҳа иҷро карда мешавад.

Ба таъкиди масъулин, тамоми намуди масолеҳи сохтмонӣ пеш аз истифода мавриди ташхис қарор гирифта, назорат дар самти сифат доимӣ аст.

Давоми солҳои охир дар маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд бо қомат афрохтани иншооти таъйиноти гуногун шарити кору хизматрасонӣ ва сатҳу сифати зиндагии мардум беҳтар гардида, боздиди ҷаҳонгардон низ афзоиш ёфтааст.

Азму иродаи сокинон, хусусан соҳибкорони шаҳри Хуҷанд дар роҳи татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати мамлакат қавӣ аст. Ин аст, ки то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли иншооти нақшавӣ бо сатҳу сифати баланд сохта, ба истифода дода мешавад.

АКС аз бойгонӣ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво