26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Тоҷикистон Барномаи низоми иттилоотии идоравии назорати давлатии меъморӣ ва сохтмон фаъол гардид

262
Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи низоми иттилоотии идоравии назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонро фаъол намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи меъморӣ хабар доданд.

Барнома бо мақсади густариши раванди рақамикунонӣ ва осон гардидани кори нозирон дар самти назорати соҳаи шаҳрсозӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар барнома нозирони соҳаи шаҳрсозӣ маълумотро оид ба феҳристи иншооти сохтмонӣ, ворид намудани тамоми маълумоти иншооти сохташаванда дар ҷумҳурӣ, раванди ҳуҷҷатгузорӣ, ҳолати иҷрои корҳои сохтмонӣ, назорати сифати корҳои сохтмонӣ ва масолеҳи бинокорӣ ба таври электронӣ дарҷ менамоянд.

Самаранокии фаъолият, бунёди босифати бинову иншоот ва бехатарии ҳаёт аз ҳадафҳои асосии сомонаи электронӣ мебошад.

АКС: Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво