25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Имрӯз дар шаҳри Душанбе даври шаҳрии озмун оғоз гардид

236
Имрӯз дар шаҳри Душанбе озмуни «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» оғоз гардид. Озмуни мазкур бо мақсади ҳавасмандгардонии хонандагон ба забономӯзӣ, сайқал додани заковат, малакаи забондонӣ, инкишофи зеҳнӣ ва ҷаҳонбинии хонандагон, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо баргузор мегарадад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Озмун байни хонандагони синфҳои 5–8 ва 9-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе вобаста ба фанҳои забони тоҷикӣ, забони русӣ ва забони англисӣ дар ду бахш (назариявӣ ва амалӣ) аз рӯйи шартҳои зерин гузаронида мешавад:- «Маҳорати суханварӣ» (бо се забон);- «Эссе» (бо се забон); — «Қироати шеър» (бо се забон)- «Имло» (имлои дурусти калима дар матн); -«Тарҷума» (пешниҳоди матни бадеии забони тоҷикӣ ба забонҳои русиву англисӣ).

Дар даври шаҳрии озмуни «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» 12 ғолиб муайян мегардад, ки аз ин шумора 6 нафар аз гурӯҳи синфҳои 5-8 ва 6 нафар аз гурӯҳи синфҳои 9-11 мебошад.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво