20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар доираи амалишавии «Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» мониторинг гузаронида мешавад

261
Дар Тоҷикистон «Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» қабул гардида, мавриди амал қарор дорад. Дар доираи он дар пиряхҳои асосии ҷумҳурӣ корҳои омӯзишӣ ба роҳ монда шуда, мониторинги пиряхҳои Тоҷикистон гузаронида мешавад. Дар ин хусус сардори Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳмонов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Мавсуф иброз дошт, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат бо мақсади ҳифз ва омӯзиши пиряхҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зиёд андешида шуданд. Аз ҷумла, 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Конфронси Созмони Милали Муттаҳид доир ба Шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳти ҳамраисии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланд баргузор гардид, ба амалишавии барномаи мазкур тавъам мебошад.
Дар доираи амалишавии «Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» мониторинг гузаронида мешавад
Дар сохтори Агентии обуҳавошиносӣ фаъолияти як бахши муҳим ба омӯзиш ва ошкор кардани табиати пиряхҳо равона гардидааст. Бо мақсади дақиқ кардани хусусияти пиряхҳо аз соли 1956 дар сохтори Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон бахши яхшиносӣ таъсис ёфта, то ин муддат фаъолият мекунад. Ҳамзамон бо аҳамияти хосса пайдо намудани мушкилоти таназзулёбии захираҳои пиряхҳо дар сохтори Агентии обуҳавошиносӣ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 январи соли 2014 дар заминаи Шуъбаи гидрографию экспедитсионӣ Маркази яхшиносӣ таъсис дода шуд.
Дар доираи амалишавии «Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» мониторинг гузаронида мешавад
Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносӣ тӯли чандин сол бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон, таъсири равандҳои иқлимӣ, коҳишёбӣ ва ғизодиҳии онҳо ба дарёҳои минтақа фаъолият намуда, тартиботи дурусти мониторингро ба роҳ мондааст. Дар марказ якчанд пиряхҳоро вобаста ба ҷойгиршавӣ ва хусусияти морфологияшон интихоб ва мавриди мониторинги доимӣ қарор додаанд, ки барои баҳо додан ба кулли пиряхҳои мамлакат хизмат мекунанд. Ин тартиб аз тарафи мутахассисони марказ то ба ҳол ба роҳ монда мешавад.

Дар баробари омӯзиши пиряхҳои ҷумҳурӣ Маркази яхшиносӣ ба мониторинги доимии манбаи асосии ғизогирии пиряхҳо –захираи барф машғул мебошад, ки ҳамасола аз тарафи мутахассисони марказ ҷиҳати муайн кардани миқдори бориши барф ва захираи он дар ҳудуди мамлакат корҳои тадқиқотӣ-саҳроӣ ва мушоҳидаҳои аэровизуалӣ гузаронида мешаванд. Натиҷаи корҳо дар ин самт барои пешгӯӣ кардани обнокии сатҳи оби дарёҳо дар давраи мавсимӣ ва сар задани офатҳои тармафароӣ истифода карда мешавад. Мутахассисони марказ ҳамасола давоми моҳҳои январ–апрел вобаста ба равандҳои метеорологӣ ва захираи барф омӯзиш ва пешгӯии равандҳои тармафароиро амалӣ менамоянд.

Ҳамзамон ҳамсуҳбати мо афзуд, ки дар баробари пешгӯӣ кардани хатари сар задани офатҳои тармафароӣ мутахассисони марказ вобаста ба равандҳои метеорологӣ пешгӯии сар задани зуҳуроти селиро дар ҳудуди мамлакат ба уҳда доранд. Барои мутахассисони марказ дар ин кор таҳия намудани «Кадастри ҳавзаҳои селӣ ва сарчашмаҳои онҳо дар Тоҷикистон» шароит фароҳам овардааст.
Дар доираи амалишавии «Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» мониторинг гузаронида мешавад

Дар айни замон мутахассисон тамсилаҳои пешгӯии сар задани зуҳуроти тармафароӣ, селӣ ва селҳои пиряхиро коркард ва таҳия намуда истодаанд.

Дигар фаъолияти муҳими Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносӣ- ин мониторинги доимии кӯлҳои пиряхӣ ва рахнашаванда мебошад, ки барои амалӣ намудани чорабинии мазкур ва сари вақт огоҳ намудани ҳукумат ва аҳолии мамлакат аз эҳтимоли рахна шудани кӯлҳои пиряхӣ ва сар задани зуҳуроти сели пиряхӣ ҳамасола дар давраи тобистон корҳои тадқиқотӣ-саҳроӣ ва мушоҳидаҳои аэровизуалӣ ба роҳ монда мешавад.

Ҷиҳати омӯзиш ва мониторинги пиряхҳо дар доираи «Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» Маркази яхшиносӣ давоми даҳсолаи охир бо мутахассисони Донишгоҳи Айдаҳои ИМА, Комиссияи геодезия ва глятсиологияи Академияи илмҳои Баварияи Олмон, Академияи илмҳои Федератсияи Русия, донишгоҳҳои Ҷумҳурии Швейтсария ва Институти метеорологии Ҷумҳурии Финландия ҳамкорӣ ба роҳ мондааст.

Чуноне ки натиҷаи тадқиқот нишон медиҳад, таназзулёбии захираи пиряхҳо ва барфҳои абадӣ аз интиҳои асри ХХ босуръат рушд меёбад ва ин масъала метавонад дар самти рушди устувори башарият монеаи ҷиддӣ бошад. Таназзули захираҳои барфиву яхӣ маҳз дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ба вуқуъ мепайвандад.

Аз ин лиҳоз, Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносӣ пешбурди сиёсат ва ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои таъсиси Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар ин самт кӯшишу талош намуда истодааст.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС аз Рамазон Раҳмонов




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво