20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Хуҷанд ба бунёди осоишгоҳи солимгардонӣ, чойхона ва маркази ташхиси тиббӣ санги асос гузошта шуд

366
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳили рости дарёи Сир, кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд бо иқдоми соҳибкори ватанӣ маҷмааи хонаи баландошёна бо чойхона, маркази ташхиси тиббӣ ва осоишгоҳ бунёд карда мешавад. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам дар дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд.

Лоиҳакаши иншоот «Бунёдгари Суғдзамин» буда, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ҶДММ «Авитсенна» ба анҷом расонида мешавад.

6 апрел роҳбарияти вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд бо лоиҳаи иншоот шинос гардида, ба он санги асос гузоштанд.

Роҳбарияти вилояти Суғд аз ин иқдоми соҳибкори ватанӣ изҳори сипос намуда, ташкили чунин иншооти сайёҳӣ ва хизматрасониро ба манфати мардум ва заминаи муосид барои ташкили ҷойҳои нави корию ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ унвон намуд.

Ба сохтмончиён ҷиҳати анҷом додани корҳои босифати сохтмонӣ бо истифода аз масолеҳи ватанӣ дастуру супоришҳо дода шуд.

АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво