5 декабр 2023, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Ашт ин фестивал-озмуни ноҳиявӣ ҷамъбаст гардид

109
Дар саҳни Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов Фестивал-озмуни ноҳиявии «Сайри гули лола» таҷлил ва ҷамъбаст карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия хабар медиҳад.

Дар фестивал нахуст маҳсули дасти ҳунармандони ноҳия ва рассомон ба маъраз гузошта шуд. Ҳунармандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия барои ғолиб омадан дар фестивал-озмуни мазкур иштироки фаъолона намуданд.

Иброз гардид, ки мояи ифтихор ва хурсандӣ аст, ки имрӯз дар идомаи чорабиниҳои наврӯзӣ даври ноҳиявии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола», ки рамзи зебоипарастӣ ва фарҳангсолории мардуми тоҷик аст, аз соли 2019 дар тамоми ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Ҳадафи озмуни мазкур вусъат додани корҳои созандагӣ, ободонию сабзазоркунӣ дар маҳал ва ташвиқу тарғиби фарҳанги шаҳрдорӣ мебошад.

Баъдан, ба якчанд иштирокчии фаъол дар вазъияти тантанавӣ Диплом ва сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия супорида шуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Ашт




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво