19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дастрасии одилона ба об, сармоягузорӣ, истеъмоли оқилонаи устувор ва мубориза бо тағйирёбии иқлим — чор самте, ки буҳрони ҷаҳонии обро метавон рафъ кард

131
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дастрасии одилона ба об, сармоягузорӣ, истеъмоли оқилонаи устувор ва мубориза бо тағйирёбии иқлим — чор самте, ки буҳрони ҷаҳонии обро метавон рафъ кардКонфронси СММ оид ба захираҳои об, ки аз 22 то 24 март дар қароргоҳи СММ баргузор гардид, имконияти бузургро барои суръат бахшидан ба пешрафт дар таъмини дастрасии умумӣ ба оби тоза ва хизматрасонии санитарӣ то соли 2030 фароҳам овард. Ба сифати ҳамраисони он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шоҳи Нидерланд Виллем-Александр баромад намуданд.

«Имрӯз масъалаи муттаҳид кардани ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳалли мушкилоти об аҳамияти бештар пайдо мекунад. Об ҳамчун манбаи асосии ҳаёт бар асари таъсири тағйирёбии иқлим, афзоиши босуръати аҳолӣ, шаҳрнишинӣ ва дигар омилҳои ба он таъсиркунанда зери фишори шадид қарор дорад. Барои рафъи ин тамоюл дар ҳама сатҳҳо чораҳои таъҷилӣ заруранд. Дар акси ҳол, саломатии мо, устувории экологӣ, дастрасӣ ба ғизои солим, захираҳои табиӣ ва дар ниҳоят ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор зери хатар мемонанд», — изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар конфронс.

Ба гуфтаи созмондиҳандагон, об дар заминаи рушди устувор қарор дошта, тамоми паҳлӯҳои ҳаётро дар рӯи Замин нигоҳ медорад. Дастрасӣ ба оби бехавф ва пок яке аз ҳуқуқҳои асосии инсон мебошад. Бо вуҷуди ин, истифодаи нодурусти захираҳои об дар тӯли даҳсолаҳо боиси буҳроне гардид, ки ба бисёр соҳаҳои ҳаёт таҳдид мекунад.

Интизориҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон конфронсро «воқеан таърихӣ» мешуморанд. Ба гуфтаи он кас, он ба фаҳмиши возеҳи мушкилоти ҷиддии марбут ба буҳрони об мувофиқат намуда, дар ҷустуҷӯи ҳалли муассир барои рафъи он мусоидат хоҳад кард.

«Мо бояд барои ба даст овардани натиҷаҳои мушаххас ва татбиқи тавофуқномаи комёбшуда талош кунем, то интизориҳои ҷомеаи ҷаҳониро фиреб надиҳем», — баён доштанд Президенти Тоҷикистон.

Пешвои миллат ҳамчунин иброз доштанд, ки тағйирёбии иқлим барои Тоҷикистон, ки тайи даҳ соли охир ҳазорон пиряхҳои он об шудаанд, хатар дорад.

Ҳифзи захираҳои об
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки барномаҳои мушаххаси миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ оид ба ҳифз ва истифодаи самараноки захираҳои об таҳия карда шаванд. «Татбиқи ин ташаббус ба уҳдадориҳои мо оид ба иҷрои рӯзномаи ҷаҳонии иқлим мувофиқат мекунад ва ҳамкории судмандро бо ҳамаи шарикон талаб мекунад. Бояд тартибҳои муосири боэътимоди обтаъминкунӣ ва идоракунии самараноки захираҳои об таҳия ва татбиқ карда шаванд», — илова намуданд Президенти Тоҷикистон.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин пешниҳод намуданд, ки Конфронси навбатии Созмони Милали Муттаҳид оид ба об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2028 гузаронида шавад.

Дастгирии ҷонибҳои манфиатдор
Шоҳи Нидерланд Виллем-Александр изҳор дошт, ки ҳарчанд мамлакати ӯ дар соҳил ҷойгир буда, якчанд ҷазираи ҳавзаи Карибро дар бар мегирад ва Тоҷикистони кӯҳистон, ки роҳи баромад ба баҳр надорад, «метавонанд мисли як ҷуфти аҷиб ба назар расанд», онҳо дар якҷоягӣ «амалан тамоми ҷаҳони об»-ро ифода мекунанд.

Шоҳ аз он илҳом гирифтааст, ки дар Конфронс ин қадар давлатҳои аъзои СММ, инчунин ҷонибҳои манфиатдор -намояндагони шаҳрҳо, халқҳои маҳаллӣ, ташкилоти занон ва институтҳои илмӣ ширкат варзиданд.


«Ман инчунин аз дидани иштироки фаъолонаи насли ҷавон, ки ба ҳалли мушкилот омодаанд, шодам. Аммо, ҳамаи мушкилиҳоро ба дӯши наслҳои оянда гузоштан мумкин нест. Мо масъул ҳастем, ки имрӯз тамоми кори аз дастамон меомадаро иҷро кунем», — гуфт ӯ.

Подшоҳ ҳамаи кишварҳоро даъват кард, ки ба намунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд пайравӣ намуда, ҳамкории фаъолро ба роҳ монанд. «Об моро муттаҳид мекунад», — ишора кард ӯ.

Истифодаи бераҳмона
«Об яке аз ҳуқуқҳои инсон ва омили умумии рушд барои ташаккули ояндаи беҳтар аст. Аммо дар соҳаи захираҳои об вазъияти ногувор ба вуҷуд омад. Одам обро «бераҳмона» истеъмол мекунад ва гармшавии глобалӣ ба бухоршавии он оварда мерасонад, ки дар навбати худ боиси вайрон шудани гардиши об, вайроншавии экосистемаҳо ва ифлосшавии обҳои зеризаминӣ мегардад», — таъкид кард роҳбари СММ Антониу Гутерриш.

Котиби генералӣ омори ғамангезро мисол овард: аз чор офати табиӣ тақрибан сетоаш ба об марбут аст; аз чор нафар як нафар берун аз хадамоти обтаъминшаванда зиндагӣ мекунад ё ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надорад; зиёда аз 1,7 миллиард нафар одамон шароити одии санитарӣ надоранд; миллионҳо духтарон ва занон дар як рӯз соатҳои зиёдро барои обкашонӣ сарф мекунанд.

Нақшаи баромадан аз буҳрон
Дабири кулли СММ пешниҳод намуд, ки барои суръат бахшидан ба буҳрони ҷаҳонии об дар чаҳор самти калидӣ амал карда шавад.

Аввалан, ҳукуматҳои ҳамаи давлатҳо бояд нақшаҳоеро таҳия ва амалӣ созанд, ки дастрасии одилонаи ҳамаи одамонро ба об ва дар айни замон муносибати эҳтиромона доштанро ба ин манбаи гаронбаҳо таъмин кунанд.

Ба ҷуз ин дар ин самт тақвияти ҳамкории байналмилалӣ муҳим буда, манфиати бузург дорад. «Яке аз муваффақияти муҳимтарини ман ҳамчун сарвазири Португалия- ин 25 сол қабл бо Испания имзо кардани конвенсияи Албуфейра оид ба идоракунии захираҳои об буд»-, гуфт А.Гутерриш.- Конвенсия имрӯз ҳам амал мекунад». Ӯ аз тамоми давлатҳои аъзо даъват ба амал овард, ки ба Конвенсияи оби СММ ҳамроҳ шаванд ва барои иҷрои он тадбир андешанд.

Дуюм, роҳбари Созмони Милали Муттаҳид тавсия дод, ки «ба системаҳои обтаъминкунӣ ва тозагӣ маблағҳои зиёд» сармоягузорӣ карда шавад. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Антонио Гутерриш, онҳое ки маблағи кофӣ надоранд, бояд аз тарафи ташкилоти молиявии байналхалқӣ дастгирӣ карда шаванд.

Сеюм, хеле муҳим аст «ба устуворӣ диққат кунед» ва инфрасохторро ба талаботи замон мутобиқ намоед. «Мо наметавонем бо ҳолатҳои фавқулодаи асри XXI бо ёрии инфрасохторҳои дар замони гузашта сохташуда амал кунем». Роҳбари СММ бар ин назар аст, ки имрӯз бояд ба қубурҳои тобовар ба офатҳои табиӣ, инфрасохтори обтаъминкунӣ ва дастгоҳҳои тозакунӣ сармоягузорӣ намоем, инчунин усулҳои нави коркард ва сарфаи обро ҷорӣ кардан зарур аст.

Муҳим он аст, ки ба системаи иттилоотии ҷаҳонӣ сармоягузорӣ карда шавад, ки тавонад талабот ба обро дар вақти зарурӣ пешгӯӣ намояд. Роҳбари СММ аз вазифаи фаро гирифтани ҳар сокини сайёра бо системаи огоҳкунии пешакӣ аз офатҳои хатарноки иқлимӣ ё обу ҳаво ёдовар шуд.

Чаҳорум, ҳалли мушкили тағйирёбии иқлим. «Амали иқлимӣ ва ояндаи устувори об ду тарафи як танга мебошанд»,- таъкид кард Котиби генералӣ.- Мо бояд ҳама кӯшишро ба харҷ диҳем, то гармшавии глобалиро то якуним дараҷа маҳдуд кунем ва адолати иқлимиро барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ таъмин намоем».

Антонио Гутерриш ёдовар шуд, ки ӯ қаблан кишварҳои G20-ро барои бастани Паймони ҳамбастагии иқлим даъват карда буд — тибқи ин санад давлатҳо уҳдадор мешаванд, ки барои коҳиши партовҳо кӯшишҳои иловагӣ ба харҷ диҳанд ва сарватмандтарашон захираҳои молиявию техникиро барои дастгирии кишварҳои рӯ ба тараққӣ равоан кунанд.

Азиза ИКРОМ,
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»/СММ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво