17 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд ба корҳои созандагӣ оғоз бахшида шуд

158
Дар рӯзҳои таҷлил аз Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва вилояти Суғд ба корҳои сохтмонии бинои иловагии таълимӣ дар факултети №4 Академияи Вазорати корҳои дохилӣ оғоз бахшида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бинои иншоот бо масоҳати умумии 4 300 м2 аз таҳхона ва шаш ошёна иборат буда, дар он тамоми инфрасохтори зарурӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, бинои таълимӣ аз 17 синфхонаи фанниву таълимӣ, толори маҷлисӣ бо 500 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои кории муаллимон, ошхона бо ғунҷоиши 220 нафар дар як вақт ва хобгоҳ барои 200 нафар иборат хоҳад буд.

Ҳамчунин дар саҳни бино бунёди майдони сафороӣ, майдончаи варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ, нуқтаи гармидиҳӣ, анборхона ва дигар иншооти ёрирасон ба нақша гирифта шудааст.

Зимни суханронӣ Вазири корҳои дохилӣ ва Раиси вилояти Суғд таъкид карданд, ки ҳамасола аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, шароити корӣ беҳтар мегардад.

Ҳамзамон ба бунёди бинои шуъбаи тиббии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд санги асос гузошта шуд. Иншооти мазкур бо қисмати таҳхона ва баландии панҷ ошёна қомат меафрозад. Тибқи лоиҳа, дар иншооти мазкур ҳуҷраҳои муоина, ташхису табобат ва утоқҳои корӣ дорои тамоми шароити замонавӣ ташкил шуда, метавонад дар баробари ҳифз ва барқарор намудани саломатии кормандон ҳамчунин ба аҳолӣ хизмат расонад.

АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво