28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ ва Рашт зарари бар асари заминларза хароб шудани манзилҳои истиқоматӣ муайян гардид

149
24 март аз ҷониби гурӯҳҳои кории Комиссияи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаҳои Палдорак, Ярм ва Пакшифи Ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 144 манзили истиқоматӣ аз санҷиш гузаронида шуд. Зимни он маълум гардид, ки дар ҳудуди деҳаи Палдорак 77 хона зарар дида, аз он 2 хона пурра ва 20 хона қисман осеб дидааст. Ҳамзамон дар ҳудуди деҳаи Ярм 18 хонаи истиқоматӣ аз назар гузаронида шуд. Маълум гардид, ки аз шумораи умумии онҳо шаш хонаи истиқоматӣ қисман вайрон шуда, дар деҳаи Пакшиф бар асари заминларза 49 хона осеб дидааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи мазкур хабар медиҳад.

Ҳамчунин бар асари ин заминларза дар Ҷамоати Такоба ва Оби Меҳнати ноҳияи Рашт 53 хона зарар дида, аз ин 31 хона қисман хароб шудааст. Дар баробари ин дар деҳаи Пандовчӣ 7 хоҷагӣ ва деҳаи Кабутиёни ноҳияи Нуробод 12 хоҷагӣ бар асари заминларза зарар дидааст.

Комиссия ба хулосае омад, ки ин хонаҳои зарардида солҳои 70 ва 80-и асри гузашта сохта шуда, ҳангоми бунёди онҳо қоидаҳо ва меъёрҳои сохтмону меъморӣ комилан риоя нашудааст. Ҳамаи ин сохтмонҳои зарардида дар теппаҳо сохта шуда, таҳкурсӣ ҳам надоштаанд. Дару девори ин хонаҳо фарсуда шуда, муҳлати истифодаашон низ гузаштааст.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво