28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҷомеаи шаҳрвандӣ неруи муттаҳидкунанда дар мубориза бар зидди таҳдидҳои ғайрианъанавист

172
Ҷомеаи шаҳрвандӣ неруи муттаҳидкунанда дар мубориза бар зидди таҳдидҳои ғайрианъанавистИмрӯзҳо дар шароити муосири вазъи геосиёсӣ ва ғуборолуд гардидани фазои ҷаҳонӣ ҳаракатҳои террористӣ ҷараёни мушаххаси мақсадгузорӣ, омодасозии руҳиву равонӣ ва ҷисмониро пеш мегиранд. Аз ин лиҳоз Ҳукумати Тоҷикистон барои таъмин намудани амният ва ба таври мунтазам пешгирӣ кардани чунин раванд ва оқибатҳои фоҷиабори он иқдоми муассир ба роҳ мондааст. Чунин ибрози назар намудааст декани факултети дипломатия ва сиёсати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодат Шарифхоҷаева.

Бояд гуфт, ки афзоиши таҳдидҳои гуногуни замони муосир ба соҳибихтиёрии давлатҳо хатар мерасонад. Коршиносон бар он ақидаанд, ки ҳама намудҳои таҳдид, экстремизму терроризм, терроризми байналмилалӣ, кибертерроризм, мусаллаҳшавии бошитоб, аз ҷумла хатарҳои биологӣ, аграрӣ, экологӣ ва ба монанди онҳо ба таҳдидҳои ғайрианъанавӣ дохил мешаванд.

Чунонки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд зери унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон» иброз намуданд, «хатару таҳдидҳои аз терроризму ифротгароӣ бароянда мунтазам васеъ гардида, ин зуҳуроти харобиовар боиси оқибатҳои даҳшатбор мегардад ва фаъолияти созмону гурӯҳҳои террористиву ифротгаро хусусияти афзояндаи фаромарзиву фаромиллӣ касб менамояд».

Шаҳрвандӣ хусусияти интерактивии шахсият буда, мафҳум ва мавқеи шаҳрвандии шахси ватандӯст ва самти арзишманди ӯро тавсиф менамояд, ки шахс масъулияташро дар сарнавишти Ватан алоқаманд ба сарнавишти худ мешуморад.

Аз сабабе, ки тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллии ҷавонони мамлакат талаби ҷомеаи шаҳрвандист, зарур мешуморем, то моҳият ва хусусияти ҷомеаи шаҳрвандиро мухтасар тавсиф намоем. Вобаста ба муайян намудани моҳият ва хусусияти ҷомеаи шаҳрвандӣ дар илм назарияҳои гуногун мавҷуд аст. Масалан, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ ба се омил алоқамандӣ дорад: шахс, гурӯҳ, ҳокимият.

Аз ин рӯ, ғояи ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳаракати муттасилро дар бар мегирад: тағйирёбии доимӣ, такмил ва гузаштан аз ҳолати сусттараққикардаи инсон, ҷомеа ва қудрат ба ҳолати пешрафта ва мутамаддинтар. Вобаста ба ин, маҳз ташаккули тарбияи ватандӯстӣ асоси муттаҳидкунандаи давлатдории тоҷикон ва омили муҳими суботи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муттаҳидшавии шаҳрвандон ва таҳкими давлат буда метавонад.

Дар муттаҳидшавӣ, ҳаёт ва пешрафти иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи кунунии рушд қувваҳои муттаҳидкунандаи дохилӣ: умумияти гузашта ва ояндаи халқи тоҷик, умеду ормонҳои миллӣ ва андешаҳои ҷомеа нақши ҳалкунанда доранд. Бешубҳа, дар қувваҳои муттаҳидкунандаи дохилӣ, ҳаёт ва инкишофи ҷомеа, педагогика ва психологияи миллӣ, эътиқоти динӣ, характери миллии халқи тоҷик, анъана ва расму оин, фарҳанги миллӣ нақши махсусан калон дорад.

Ҷомеаи шаҳрвандӣ хусусияти хоси худро дорад. Инҳо масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва ифтихори миллӣ; шаҳрвандони аз ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худ огоҳ; шахсони ба амалҳои шаҳрвандӣ омода; шахсони қарзи шаҳрвандии худро дарккунанда; шахсони омода ба ҳифзи манфиатҳои худ ва ҷомеа, шахсони худогоҳ, худшинос, худомӯз ва ғайра мебошанд.

Ин хусусият ба хислатҳои калидии шаҳрвандӣ, ватандӯстӣ, шинохти миллии фард зич алоқаманданд. Ватандӯстӣ на танҳо сифати пешбарандаи маънавию сиёсии шаҳрванди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва асоси мавқеи шаҳрвандии ӯ, балки ҳадаф ва натиҷаи тарбияи мақсадноки ватандӯстӣ мебошад.

Аз ин лиҳоз, амалӣ намудани тарбияи ватандӯстӣ дар ҷомеаи шаҳрвандӣ яке аз вазифаҳои асосии муборизаи муштараки ҳукумату маориф бо ҳар гуна бегонапарастӣ, хурофот, ифротгароӣ дониста мешавад. Барои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ, дониш ва таҳкими ягонагӣ дар мубориза бо ҳизбу ҳаракатҳои тундрав мувофиқи механизмҳои мавҷуда ҳамкории маориф ва ҷомеаи шаҳрвандиро мустаҳкам намудан зарур аст.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳои худ таъкид менамоянд, ки вокуниши муваффақона ба ҳар зуҳуроти номатлуб бо дарки мазмуну муҳтаво ва ҳадду ҳудуд, хусусияти муайянкунанда, сабаб ва ҳассосияти он ва тадбирҳои гуногуни андешидашуда алоқамандӣ дорад. Аз ин лиҳоз, то аз ҷониби ҳамаи ниҳодҳои ҷамъиятӣ мафҳумҳои мушаххаси эътирофшудаи зуҳуроти номатлуб ва равишҳои ягонаи муқовимат ба онҳо пазируфта нашавад, таъмин намудани ҳамоҳангии талоши мо дар мубориза бо ин падидаҳои зиддиинсонӣ амалан ғайриимкон боқӣ хоҳад монд.

Саодат ШАРИФХОҶАЕВА,

декани факултети дипломатия ва сиёсати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

АКС: Академияи идоракунии давлатӣ



Матолиби ҳамсон

Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво