Варзишгарони тоҷик дар Лигаи минтақавии ҷудо дар Москва иштирок мекунанд![]() ![]() Лигаи минтақавии ҷудо дар се марҳила баргузор хоҳад шуд. Мусобиқаи аввал 8 апрел дар маҷмааи КМВА-и Москва доир мегардад. Марҳилаи дуюм дар ҳамин маҷмаа 6-уми май, марҳилаи сеюм 8-уми июл ба нақша гирифта шудааст. Ба ҳайати тими Клуби «Ҳоҷӣ Шариф» 8 варзишгар шомил гардидаанд: -66кг – Фирӯз Мелибойзода / Обид Ҷебов -73кг – Мирзоҷамил Рамазонов / Муҳаммадшариф Наҷмиддинов -81кг – Курбан Кудиев -90кг – Мирзо Шукориев / Акмал Муродов +90кг – Шакармамад Мирмамадов Умуман, дар марҳилаи аввали мусобиқа 24 клуб ширкат мекунанд, 8 клуб давлатҳои Қазоқистон, Ҳиндустон, Белорус, Тоҷикистон, Эрон, Сербияро намояндагӣ мекунанд. Дар марҳилаи аввал дастаҳо ба чор гурӯҳ тақсим мешаванд. Аз ҳар гурӯҳ се дастаи беҳтарин ба даври дуюм роҳхат мегиранд. Дар даври дуюм ғолибони чемпионати Русия миёни клубҳо ҳамроҳ мешаванд: «Явара-Нева», «Ахмат», «Локомотив» (Налчик), «Урал — Западная Сибир». АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон
Матолиби ҳамсон
|
![]() ![]() НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |