21 май 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Истаравшан бунёди хонаҳои истиқоматии баландошёна бо марказҳои хизматрасонӣ ҷараён дорад

119
Дар Истаравшан бунёди хонаҳои истиқоматии баландошёна бо марказҳои хизматрасонӣ ҷараён дорадБахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Истаравшан бунёди хонаҳои истиқоматии баландошёна бо марказҳои хизматрасонӣ ва дигар иншооти ҳаётан муҳим идома дошта, бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ роҳбарияти вилояти Суғд ба шаҳри Истаравшан сафари корӣ анҷом дод. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам дар Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан хабар доданд.

Дар шаҳри Истаравшан ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмону навсозии иншооти гуногун ҷараён дорад. Зимни сафари корӣ роҳбарияти вилояти Суғд дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳр бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар маҷмааи хизматрасонии «Шоҳроҳи абрешим» шинос гардид.

Чуноне иттилоъ дода шуд, сохтмони маҷмааи бисёрсоҳаи «Шоҳроҳи абрешим» аз тарафи ҶДММ «Мабдаи Нур», ки фармоишгар ва пудратчии он мебошад, ба роҳ монда шудааст.

Сипас сохтмони Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Исмоили Сомониро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шуд. Дар ин ҷо корҳои сохтмонӣ дар айни замон оғоз ёфта, ҷиҳати тахту ҳамворкунии ҳудуди боғ тақрибан 3000 метри куби хок ва қуму шағал рехта шудааст. Тибқи лоиҳа, дар маркази боғ муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон Шоҳ Исмоили Сомонӣ бунёд мегардад.

Бо мақсади рушду нумӯи фарҳанги миллӣ ва баҳри боз ҳам ободу зебо намудани шаҳри Истаравшан бо дастгирии роҳбарияти вилоят ва маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҳамзамон сохтмони қасри фарҳанги шаҳр идома дорад.

Корҳои сохтмонии Қасри фарҳанг барои 1000 ҷойи нишаст дар хиёбони Исмоили Сомонӣ аз ҷониби пудратчӣ- Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оғоз гардида, корҳои гаҷкорӣ, пардоз ва рангубори бино ба иҷро расида истодааст.

АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво