ҶУДО. Панҷ узви мунтахаби Тоҷикистон дар Гранд Слами Анталия иштирок менамоянд![]() ![]() Барои иштирок дар ин мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ 617 варзишгар (357 мард, 260 зан) аз 85 давлат номнавис шудаанд. Аз ҷумла, Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 5 варзишгарро ба Анталияи Туркия сафарбар менамояд: -60кг – Муҳаммадсолеҳ Қувватов -66кг – Обид Ҷебов -73кг – Беҳрӯз Хоҷазода -81кг – Шодмон Ризоев -90кг – Ҷаҳонгир Маҷидов Рақобатҳо чун анъана дар ҳафт вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни бонувон сурат мегирад. Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ мешаванд: ғолибон дар ҳамаи вазнҳо 5000 евро, барандагони медали нуқра 3000 евро ва барандагони медали биринҷӣ 1500 евро. Барномаи мусобиқа: 31 март Бонувон: -48кг, -52кг, -57кг Мардҳо: -60кг, -66кг 1 апрел Бонувон: -63кг, -70кг Мардҳо: -73кг, -81кг 2 апрел Бонувон: -78кг, +78кг Мардҳо: -90кг, -100кг, +100кг АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон
Матолиби ҳамсон
|
![]() ![]() НазарсанҷиОё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |