5 декабр 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон толору озмоишгоҳи технологияҳои компютерӣ ба истифода дода шуд

157
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон озмоишгоҳи технологияҳои компютерӣ ва толори нав мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур хабар доданд.

Толорҳои нав барои устодону кормандон ва донишҷӯёни факултети механикаву математика армуғони наврӯзӣ гардид.

Гуфта мешавад, ки озмоишгоҳи мазкур дар партави «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», солҳои 2020-2040 омода гардида, барои донишҷӯёни ихтисосҳои информатика судманд мебошад.

Толори нав ба номи профессор Муҳаммадюсуф Юнусӣ (олими шинохта, доктори илмҳои физикаю математика, профессор) гузошта шуда, барои баргузории ҳамоишҳои илмию амалӣ ва нишастҳои сатҳи байналмилалӣ мувофиқ аст. Дар толор устодону донишҷӯён, аз ҷумла шогирдони шодравон Муҳаммадюсуф Юнусӣ метавонанд тадқиқоти илмӣ анҷом диҳанд.


Озмоишгоҳи технологияҳои компютерӣ иқдоми аввалин буда, барои донишҷӯёни ихтисосҳои марбутаи факултет муҳим мебошад.

Ёдрас мешавем, ки толорҳои мазкур бо тарҳи замонавӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамон муҷаҳҳазанд. Дар он донишҷӯён метавонанд бо таърихи технологияи компютерӣ то ба раванди рушди имрӯзаи он шинос шаванд.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво