20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Дар ҳудуди шаҳри Хоруғ ташаббуси ободкорӣ анҷом дода шуд

170
Бо ҳадафи таҷлили сазовори Ҷашни байналмилалии Наврӯз кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳудуди шаҳри Хоруғ ташаббуси «Тозагии соҳил» доир намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар медиҳад.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар доираи ин ташаббус зиёда аз 90 мактаббачаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5-и шаҳр ва кормандони сарраёсату шуъбаи ҳифзи муҳити зист соҳили дарёи Ғундро аз ҳудуди ин муассисаи таълимӣ то маҳаллаи «Шарифобод»-и шаҳр дар масофаи беш аз 1,3 км аз ахлоту партов тоза намуданд.

Дар асоси нақшаи тартибдодаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иқдом дар дигар ноҳияҳои вилоят низ баргузор гардид.

АКС: Рӯзномаи «Нигини Хоруғ»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво