23 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагии худро ба бозии дӯстона бо Амороти Муттаҳидаи Араб идома медиҳад

130
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагии худро ба бозии дӯстона бо Амороти Муттаҳидаи Араб идома медиҳад Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол омодагии худро ба бозии дӯстона бо мунтахаби миллии Амороти Муттаҳидаи Араб идома медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

23 март дастаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Петр Сегрт дар Абу-Забӣ якуним соат ба машқ машғул буд. Ҳимоятгарон Ваҳдат Ҳанонов, Алиҷон Кароматуллозода ва Далер Имомназаров аз рӯйи барномаи инфиродӣ кор карданд ва ширкати онҳо дар бозии оянда зери суол аст.

Бояд гуфт, ки бозии дӯстонаи Амороти Муттаҳидаи Араб ва Тоҷикистон рӯзи 25-уми март дар варзишгоҳи «Ал-Наҳаён»-и Абу-Забӣ баргузор мешавад. Бозӣ соати 22:00 ба вақти маҳаллӣ (23:00 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво