29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗ АЗ АФРИҚО ТО ОСИЁ. Шарҳи АМИТ «Ховар» доир ба таҷлили ин ид дар давлатҳои хориҷӣ

215
ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗ АЗ АФРИҚО ТО ОСИЁ. Шарҳи АМИТ «Ховар» доир ба таҷлили ин ид дар давлатҳои хориҷӣ Пас аз он ки соли 2009 ЮНЕСКО Наврӯзро ба рӯйхати ёдгориҳои ғайримоддии инсоният ворид намуд ва сипас иҷлосияи 71-уми Ассамблеяи генералӣ соли 2010 санаи 21 мартро Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон кард, ин ҷашни ниёгони мо дар мамлакатҳои гуногуни олам бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Вобаста ба чӣ гуна таҷлил гардидани Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар давлатҳои дигар хабаригори АМИТ «Ховар» аз китоби фолклоршиноси тоҷик Дилшод Раҳимӣ «Наврӯз- ҷашни замину офариниш» ва дигар сарчашмаҳо маълумот пешниҳод менамояд.

Қазоқистон

Мардуми қазоқ Наврӯзро ба унвони «Улыстын улы куни» («Рӯзи бузурги халқ» ҳамчун иди баҳору зиндашавии табиат шинохта, ҳамасола онро 22 март бо тантана таҷлил менамоянд. Номи Наврӯз дар забони қазоқӣ ба гунаи «Наурыз» талаффуз мешавад. Дар замони шӯравӣ ба мисли ҷумҳуриҳои дигари Осиёи Марказӣ дар Қазоқистон низ иди Наврӯз дар деҳаҳо ба таври ғайрирасмӣ баргузор мешуд. Пас аз фаро расидани давраи бозсозӣ ва баланд шудани ҳисси худшиносии миллӣ соли 1988 таҷлил кардани Наврӯз дар ин давлат аз нав эҳё гашт.

Дар байни мардуми қазоқ суннатҳои зиёди наврӯзӣ ҳифз шуда, то ба имрӯз иҷро мешаванд. Аз ҷумла, чанд рӯз қабл аз ид анъанаи поку тамиз кардани хонаву ҳавлӣ, кӯчаҳо, ҷӯйҳову роҳҳо роиҷ аст. Тибқи одати қадимӣ, ҳар касе агар қарздор бошад, пеш аз Наврӯз кӯшиш мекунад, ки қарзҳояшро баргардонад.

Дар шабу рӯзи ид таоми анъанавии «Наурыз коже» қариб дар ҳамаи идгоҳҳо ва хонадонҳо пухта мешавад. Ин таом аз ҳафт унсур таркиб ёфта, пухтани онро шомгоҳӣ шурӯъ мекунанд ва то нисфи шаб деги «коже» меҷӯшад. Ба ғайр аз “Наурыз коже” дар хонаҳо хӯрокҳои гӯштии қазӣ, шужук, гӯшти обпаз пухта шуда, зиннатафзои дастархони идона мегарданд. Духтарон аз хамиру равған бурсоқ мепазанд. Дар айёми Наврӯз одат аст, ки дӯстону хешон ба хонаҳои якдигар ба меҳмонӣ раванд ва базму хурсандиҳоро гирди суфраи идона давом диҳанд.

Қирғизистон

Барои мардуми қирғиз, чун халқҳои дигари Осиёи Марказӣ, Наврӯз – «Нооруз» иди қадимаи баҳор, оғози Соли нав ва замони баробаршавии шабу рӯз ба шумор меравад. Дар Қирғизистон Ноорузро чаҳор рӯз – аз 21 то 24 март ҷашн мегиранд ва ин рӯзҳо истироҳатӣ эълон шудаанд. Мардуми маҳаллӣ эътироф мекунанд, ки ин ҷашн дар давраҳои қадим аз тоҷикону форсҳо ба фарҳанги онҳо гузаштааст ва дар тӯли асрҳо ба худ тобиши миллии қирғизӣ гирифтааст.

Моҳи мартро қирғизҳо ба таври суннатӣ «Нооруз» (Нооруз элдик майрам күнү) меноманд. Вобаста ба фарорасии Нооруз мардум баъзе боварҳову суннатҳо доранд. Чунончи, агар дар ин рӯз барф борад, онро сафедии корҳо ва фоли нек мешуморанд.

Шаби пеш аз ид бо орзую мақсади фаровонии шир, ҳосили деҳқонӣ ва боронгариҳо ҳамаи зарфҳоро бо шир, айрон, ғалла ва оби ширин пур мекарданд. Дар рӯзи ид ҳама мекӯшиданд, ки бо ҳам меҳрубон бошанд, дар вақти вохӯрӣ ҳамдигарро гарм дар оғӯш мекашиданд, суханони нек ба забон оварда, аз ҳарфҳои бад ва рафтори ноҷо парҳез мекарданд. Мардум дар ин рӯз либосҳои тоза мепӯшиданд, агар касе имкон дошта бошад, либоси нав мехарид.

Туркия

Дар Туркия Наврӯз дар сатҳи миллӣ ва инчунин дар байни туркҳои хориҷ аз кишвар ба ҳайси иди суннатии мавсими баҳор таҷлил мегардад. Дар байни аҳолии гуногуни Туркия ҷашни Наврӯзро бо истилоҳҳои «Невруз», «Март бозуму», «Мереке», «Эргенекон байрами» ном мебаранд.

21 марти ҳар сол, мутобиқ ба тақвими Ҷалолӣ, Наврӯз ба ҳайси иди суннатии расидани баҳор таҷлил мешавад. Фарорасии баҳорро аз шукуфтани гулҳои ваҳшии кӯҳӣ, занбақ, заъфарон ва савсан муайян мекунанд, ки дар байни аҳолӣ онҳоро «Гулҳои наврӯзӣ» меноманд. Бачаҳо чунин гулҳои наврӯзиро чида, гулдаста карда, дар кӯчаҳои деҳаву хиёбонҳои шаҳрҳо қадамзанон мегарданд ва роҳгузаронро табрик мегӯянд.

Ҳамасола дар айёми Наврӯз дар донишгоҳҳо ва марказҳои фарҳанги Туркия фестивалу озмунҳо, симпозиумҳои илмӣ, намоиши дастовардҳои фарҳангӣ ва маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд, ки дар онҳо ҷашни Наврӯз таҳқиқу арҷгузорӣ ва таблиғ карда мешавад. Дар айёми Наврӯз мардум либоси рангоранг мепӯшанд ва соли навро бо орзуҳои рангину ширин пешвоз мегиранд. Илова ба ин рангҳоро ба падидаҳои табиату ҳаёт нисбат дода, ҳар якеро дорои рамзе мешуморанд. Ранги сабзро рамзи баҳору хуррамӣ ва борварӣ, ранги сурхро рамзи ҷавонию шодӣ ва зардро нишоне аз оташи фурӯзон медонанд.

Ироқ

Дар байни мардуми вилоятҳои мухталифи Ироқ ҷашни Наврӯзро бо истилоҳҳои «Невруз», «Ид-уш-шаҷара», «Явм-ур-рабиъ», «Явм-ул-мунқалаб», «Явм-уд-духул», «Ид-ул-Ом» ном мебаранд. Давлати Ироқ 21 мартро рӯзи истироҳат эълон кардааст. Ҳар сол дар ин рӯз дар деҳаву шаҳракҳои курднишин мардум барои таҷлил аз ин ҷашн дар боғчаву майдонҳои муайян ҷамъ мешаванд. Он ҷо ҳунармандон, либосдӯзон, бофандагон, қолинбофон, матоъфурӯшон, бозичасозон, ширинифурӯшон, шоирон, мутрибону сарояндагон гирди ҳам омада, фазои идонаро боз ҳам рангинтар месозанд.

Дар шаҳри Бағдод мардум Наврӯзро дар боғҳову бӯстонҳо ва чаманистон мегузаронанд. Бонувон дар хонаҳо шириниву ғизоҳои хушмазза тайёр карда, бо худ меоранд. Ғизоҳои ироқӣ, ки дар айёми Наврӯз пухтани онҳо расм шудааст, инҳоянд: дулма, кубба, кабоб, тикка, бирёнӣ ва зарда.



Туркманистон

Дар Туркманистон ин иди аҷдодиро «Наврӯз байрам» ном мебаранд ва нахустин рӯзи Наврӯз Рӯзи зан қабул шудааст. Мардуми туркман дар иди Наврӯз базм ороста, рақсу бозӣ ва сурудхонӣ мекунанд. Онҳо рақси «Ханҷар»-ро ҳамчун рақси миллӣ хоси Наврӯз мешуморанд ва онро дар таҷлили ин иди фархунда бо маҳорати баланд иҷро мекунанд.

Узбекистон

Мардуми кишвари ба мо дӯст ва ҳамсояи узбек Наврӯзро ҷашни дӯстии миллатҳо меноманд. Дар шаҳрҳои тоҷикнишини Самарқанду Бухоро шаби чаҳоршанбеи Наврӯз гулхан афрӯхта мешавад ва он шабро «Шаби оташафрӯз» меноманд. Дар ин шаб мардум дар гирди оташ сурудхонӣ мекунанд.

Яке аз оинҳои дигари мардуми Самарқанду Бухоро — ин қулфкушоӣ мебошад, ки бо номи «Кушоиши қулфи бахт» дар байни аҳолии ин сарзамин маъруф аст. Мувофиқи суннати ин оини аҷдодӣ, дӯшизагон қулф дар даст ба кӯча баромада, аз роҳгузарон хоҳиш мекунанд, ки онро кушоянд ва агар аввалин нафаре, ки онро боз мекунад, ҷавони муҷаррад бошад, пас он фоли нек ҳисобида мешавад. Мардуми узбек ин рӯзро бо ширинии Наврӯзӣ — суманак истиқбол мегиранд.

Озарбойҷон

Дар Озарбойҷон Наврӯз се рӯз (аз 20 то 23) таҷлил мегардад. Озариҳо бовар ба он доранд, ки ҳар касе дар рӯзи Наврӯз хайру сахоро пешаи худ қарор намедиҳад, аз саодати рӯзгор маҳрум хоҳад монд. Яке аз суннатҳои мардуми Озарбойҷон — ин овехтани кулоҳ дар тирезаи хона бо мақсади дарёфти ҳадя мебошад. Яке аз вижагиҳои дигари ин ҷашн- оростани базм ва шодӣ намудан аст. Мувофиқи бовари мардум, Офтоб рамзи баҳор ва Наврӯз аст.

Покистон

Рӯзи аввали Наврӯзро мардуми ин сарзамин «Олами рӯшноӣ» номида, бар он боваранд, ки бо омадани Наврӯз олам мунаввар мегардад. Баъзе аз аҳолии Покистон Наврӯзро ҳамчун ҷашни динӣ пазируфтаанд ва онро бо ояту дуо пешвоз мегиранд.

Дар Покистон ҳангоми фарорасии иди Наврӯз шаби шеъру суруд ва рақс баргузор мегардад. Наврӯз дар байни мардум «Ҷашни гули сурх» ва дар тақвими расмӣ «Иди Наврӯз» номида мешавад. Аёдати хешу табор, зиёрати оромгоҳ ва дидор бо дӯстон аз суннатҳои ҳатмии ин давлат мебошад.

Давлатҳои арабӣ

Дар кишварҳои арабнишин, бахусус Ироқу Сурия иди Наврӯз ҳамчун иди миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Маҳфили савту наво барпо мегардад. Дар ин кишварҳо Наврӯз бо номи «Найрӯз» ва «Раббиъ» яъне «Баҳор» мегузарад. На танҳо мардуми Ироқу Сурия, балки курдҳои муқимии Арабистон низ ин рӯзро ҷашн мегиранд. Наврӯзи курдҳо шабеҳи Наврӯзи эрониҳост.

АКС аз манбаъҳои боз




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво