20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

НАВРӮЗ — ҚИМАТТАРИН МЕРОСИ НИЁГОН. Мулоҳизаҳои мардумшинос дар бораи таҷлили он аз давраи Сосониён то соҳибистиқлолии Тоҷикистон

253
НАВРӮЗ — ҚИМАТТАРИН МЕРОСИ НИЁГОН. Мулоҳизаҳои мардумшинос дар бораи таҷлили он аз давраи Сосониён то соҳибистиқлолии ТоҷикистонҲар ҷашн мавқеъ ва замону шеваи баргузории хоси худро дорад, вале Наврӯз дар садри ҷашнҳои ниёгони мо мақом гирифтааст. Он қадимтарин ва фархундатарин ҷашн дар рӯйи олам буда, паёмрасони эҳёи табиат, мубаллиғи беҳтарин арзишҳову ғояҳои инсонӣ, пайвандгари дӯстию амонӣ, ваҳдату ягонагии инсону табиат, оғози корҳои кишоварзию боғдорӣ ва ғайра ба шумор меравад. Чунин иброз дошт мардумшиноси тоҷик Дилшод Раҳимӣ.

Андешаҳои пурраи коршинос дар зер манзур мегардад.

— Ҷашнҳои миллии тоҷикон падидаҳои иҷтимоӣ-фарҳангие мебошанд, ки ба ҳодисаҳои табиат иртибот дошта, таҷлили онҳоро ниёгони мо бунёд гузоштаанд. Дар масири пурталотуми таърих ин ҷашнҳоро чун василаи пайвандгари байни инсону табиат, фарду ҷамъият ва ҳамчун омили тақвиятдиҳандаи меҳру муҳаббат ба Ватан шинохтаанд ва гиромӣ доштаанд. Авҷи шукӯҳу ҷалоли ҷашнҳои мазкур ба даврони шоҳаншоҳии Сосониён ва Сомониён рост меояд. Байни онҳо Наврӯз мақоми хосса дорад.

Наврӯз ба ягон воқеаи таърихии иҷтимоӣ ва ё лашкаркашию забткорӣ иртибот надорад, балки он бар асоси ҳодисаи тавозуни табиат, баробар шудани рӯзу шаб бунёд ёфтааст. Аз ин рӯ, муҳаққиқон онро ҷашни эътидоли табиат ва ҷашни адлу инсоф хондаанд.

Дар китоби банда «Наврӯз- ҷашни замину офариниш» чунин омадааст: «Марселиюс – бозаргони румӣ, ки дар даврони Сосониён сафар карда, худ шоҳиди ҷашни Наврӯз будааст, дар сафарномаи худ чунин навиштааст: «Дар аввалин рӯзи ҷашни Наврӯз духтарону занони пойтахт бо либосҳои абрешимии обию сабз ва мардон бо ҷомаҳои навдӯхта дар саҳни кох ҷамъ шуда, ба пойкӯбӣ ва рақс мепардохтанд. Дар дохили толори салтанатии кохи Нигористони Кисрои Анӯшервон, ки шаш ҳазор метр масоҳат дорад, фарши заминаи сафеди як қитъаи музайян ба ҷавоҳироти ҳафтранг бар кафи толор густурда шудааст. Ин фарш манзараи баҳору табиатро менамояд. Дарахтони ин фарш бо зумурад ва шукуфаи дарахтон бо забарҷад ва ақиқи сафед ва сурате ёқути сурх, муҷассамаи шутуре аз нуқраи хом ва асбе аз тиллои ноб бо зин ва барги ҷавоҳирнишон бар зинати толори шоҳаншоҳӣ афзудааст.

Дар интиҳои толор пардаи марвориддӯзе бо абрешими обӣ ва овезаҳои зарбофт овезон аст. Дар миёни толор бо мева ва ширинӣ ва ошомиданӣ аз шодбошгӯяндагон ва дар Наврӯзи хосса ва омма борёфтагон пазироӣ мекарданд ва ромишгарон ҳозирони толор ва мардумеро, ки дар саҳни боғ ҷамъ шуда буданд, ба шодмонӣ ва сурур меоварданд…».

Таҷлили ҷашни Наврӯз дар даврони ҳукмронии Сомониён бо шукуҳи тоза идома ёфтааст, ки дар ин бора донишмандон дар сарчашмаҳои адабӣ ва таърихӣ зиёд ёдовар шудаанд.

Дар адабиёти тоҷикӣ Наврӯз ва суннатҳои он ба гунаи эҷоди бадеӣ бозтоб шудаанд. Шоирони забардасте, чун Рӯдакию Фирдавсӣ, Дақиқӣ, Манучеҳрӣ ва дигарон оид ба ҷашни Наврӯз ва фасли баҳор бо ҳисси меҳру муҳаббат сухан гуфтаанд ва тасвири зебоии онро ба қалам додаанд.

Дар тӯли садсолаҳо Наврӯз ва ойину маросими марбути он вобаста ба идеологияи давлатҳои ҳукмрон борҳо ба тағйироту дигаргуниҳо мувоҷеҳ шудааст ва мардуми тоҷику халқҳои дигар дар ҳама давру замонҳои душвору пур аз ҷангу офатҳо аз таҷлили ин ҷашни зебои ниёгони худ даст накашидаанд.

Устод Садриддин Айнӣ дар асари таърихӣ-адабии худ – «Ёддоштҳо» аз Наврӯзи Файзобод ва сайри Ширбадан ҳикоят кардааст, ки ҳар ду ҳам дар поёни садаи 19-ум дар Бухоро таҷлил мешудаанд. Муаллиф дар фаслҳои муайяни асари мазкур оид ба сайрҳои баҳорӣ ва ҷалби мардум ба онҳо, бозиҳои бачагона ва мусобиқоти варзишӣ, фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ ва ҷанбаҳои иҷтимоию сиёсии Наврӯзи аморати Бухоро маълумоти муътамад додааст.

Таҷлил ва гиромидошти Наврӯзу суннатҳои он пас аз соҳиби истиқлоли давлатӣ гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми пешина ва маснади аслии худ баргардонида шуд.

Ҷашни Наврӯз, ки аз даврони қадим марзҳоро убур намуда, ба фарҳанги якчанд кишвари минтақа роҳ ёфта буд, дар оғози садаи ХХI ба таври расмӣ низ аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ тасдиқу тасвиб шуд. Нахуст онро созмони ЮНЕСКО соли 2009 ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид намуд ва соли 2016 шумораи давлатҳои аъзои парвандаи Наврӯз зиёд шуда, ҳуҷҷатҳо мукаммал ва аз нав тасдиқу имзо гаштанд. Акнун дар парвандаи Наврӯз ҳамроҳ бо Тоҷикистон Эрон, Афғонистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Покистон, Туркия, Туркманистон, Узбекистон, Ҳиндустон ва Ироқ шомил мебошанд.

23 феврали соли 2010 дар ҷаласаи 64-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид, таҳти фасли 49, ки унвони «Фарҳанги ҷаҳон»-ро дорад, қатъномаи «Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз» ба тасвиб расид. Он бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳои ҳавзаи Наврӯз мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба тасвиб расид. Дар қатънома гуфта мешавад, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 21 март Рӯзи байналмилалии Наврӯз таҷлил карда мешавад. Аз кишварҳои ҳавзаи Наврӯз даъват карда мешавад, ки ҳамасола онро бошукуҳ ҷашн гирифта, дар густариш ва рушду таблиғи суннатҳои Наврӯз саҳм гузоранд.

Дар давраи истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз шукӯҳу таҷаллии тоза пайдо намуд. Мо, тоҷикон ин ҷашнро ҳамчун мероси муқаддастарини ниёгон ва иди покию зебоӣ дар фазои истиқлолу ваҳдат бо шукргузорӣ таҷлил менамоем.

Наврӯз ҷаҳонӣ шуд, то бод чунин бодо!
Ҷашни ҳамагонӣ шуд, то бод чунин бодо!


Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво