20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ҶАШНЕ ДАР АВВАЛИ СОЛИ НАВИ ХУРШЕДӢ. Шарҳи асрори табиии Наврӯз аз нигоҳи астрономӣ

47
Наврӯз бузургтарин ва зеботарин ҷашни муқаддаси миллии ниёгони мо ба ҳисоб рафта, дорои таърихи ҳазорсолаҳо мебошад. Иди Наврӯзро, ки бо фарорасии он гармии ҷонбахши баҳорӣ оғоз меёбад, ҷашни шукуҳи табиат ва овони эҳёи он гуфтаанд. Наврӯз бо нақши созандаи хеш ба шудгор ва кишту кори замин, пошидани донаи умед, шинонидани ниҳол ва гулу гулбуттаҳо, хуллас оғози ҳамаи корҳои мавсими баҳор ҳидоят менамояд. Аз ин лиҳоз тоҷикон ин иди моҳиятан азизу муқаддаси ниёгонро бо хурсандиву арҷгузории беандоза таҷлил карда, беҳтарин орзуву ормонҳои худро бо Наврӯзи хуҷастапай пайванд медонанд. Тавре ки аз номи он бармеояд, Наврӯз «рӯзи нав» маънӣ дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи Соли нав барпо мешавад. Чунин изҳори андеша намудааст котиби илмии Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдулло Ҷонмуҳаммадӣ.

— Воқеан ҳам, доир ба Наврӯз сухани тоза гуфтан басо душвор аст, вале вуруди фасли эҳёи муҳаббатҳо касро ба он водор менамояд, ки ҳарфе аз накҳати баҳориву сухане аз боди наврӯзӣ ба риштаи таҳрир кашад. Чуноне Ҳофизи Шерозӣ гуфтааст:

Сухан дар парда мегӯям, чу гул аз ғунча берун ой,
Ки беш аз панҷ рӯзе нест ҳукми мири наврӯзӣ.

Аз таърихи ҷашни Наврӯз роҷеъ ба таърихи пайдоишу баргузории ин ҷашни куҳанбунёд дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеӣ маълумоти зиёд зикр гаштааст, ки донишмандони тоҷик ва хориҷӣ дар асоси онҳо мақолаву рисолаҳои арзишманд таълиф намудаанд. Дар «Наврӯзнома»-и Умари Хайём дар давраҳои таърихи шоҳигарии Пешдодиён ва дар «Шоҳнома» гузоштаи ин ид бо шоҳигарии Ҷамшед пайвастагӣ дорад. Агар ба таърих назар афканем, мебинем, ки дар давраи салтанати Шоҳ Ҷамшед ҷашнҳои суннатӣ ва ойинҳое, ки аз замони Зардушт боқӣ монда буданд, пурра ҷашн гирифта мешуданд. Бояд тазаккур дод, ки дар осори бузургони мо низ, ба мисли Абубакри Розӣ, Абурайҳони Берунӣ, Балхӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Истархӣ, Ҳамзаи Исфаҳонӣ, Умари Хайём, Носири Хусрав ва дигарон ба ҷашни қадимӣ будани Наврӯз ишораҳо ҳаст. Доир ба таҷлили Наврӯз донишманд ва нобиғаи тоҷик Абурайҳони Берунӣ дар китоби машҳури худ “Осор-ул-боқия” навиштааст, ки “Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағйирнопазир аст”.

Қадамҳои устувор барои ҷаҳонӣ шудани ҷашни ниёгони мо- Наврӯз бо пешниҳод ва заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуданд. Сараввал 30 сентябри соли 2009 аз ҷониби ЮНЕСКО Наврӯз ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳангии башарият ворид карда шуд. Баъдан 19 феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон карда шуд ва аз он рӯз то инҷониб он ҳамасола 21 март дар саросари ҷаҳон бо шукуҳу шаҳомати тоза ҷашн гирифта мешавад.

Фарорасии Наврӯз дар халқи мо ҳамчун баробаршавии шабу рӯз (нуқтаи эътидоли баҳорӣ) ҳисобида шуда, қисмҳои дигари вақтро давоми шабонарӯз аз рӯи мушоҳидаи такроршавии ҳодисаҳои табиат, гардиши ҷирмҳои осмонӣ ва рафтори ҷонварон (ҷойивазкунии парандагон) муайян мекарданд. Аз ҳисоби он ки сарзамини мо аз талу теппа ва кӯҳҳо иборат аст, асосан гардиши Офтобро мардуми кӯҳистон аз рӯи ҷойҳои нишонашуда дар қаторкӯҳҳо ва қуллаҳои онҳо, дарахтони куҳансол ва сангҳо мушоҳида ва муайян мекарданд. Дар ноҳияҳои Ишкошим ва Айнӣ санге мавҷуд аст, ки онро “Офтоббин” меноманд ва қуллаи ду кӯҳе ҳаст, ки Офтоб онҷо “лона” мегузорад. Дар замонҳои қадим одамон асосан барои таъмини ниёзмандии рӯзгор ва хонаводаи хеш сароғоз ба чорводорию ғаллакорӣ ва корҳои саҳроӣ машғул буданд. Барои ин одамон тавассути омӯхтани мавқеъгирии ситораҳо, Офтобу Моҳ нисбат ба ҷирмҳои дигари осмонӣ фаслҳои сол, мавсими киштукор ва дигар ашёи заруриро муайян менамуданд. Онҳо зимни сафар аз як шаҳр ба шаҳри дигар, баҳрнавардӣ, саёҳат ба мамлакати дигар, тиҷорат ва дигар корҳои рӯзгор, ҳамчунин барои муайян намудани вақт, самти ҳаракат (роҳ) барои сафар шабонгоҳ аз мавқеъгирии ситораҳои осмон истифода мебурданд. Барои инсоният талаботи ҳисобкунии вақт ҳанӯз дар давраҳои қадим пайдо шудааст. Одамон фосилаҳои вақтро бо ҳодисаҳои такроршавандаи табиат муқоиса мекарданд. Гузариши ҳаёти инсон низ дар вақт ҷараён мегирад. Дар натиҷаи мушоҳидаҳои даврӣ аввал бо камбудӣ ҳам бошад, ҳисоби вақтро фаҳмида буданд. Ҳазорсолаҳо пеш дар ибтидои маданияти инсонӣ тақвимҳои одитарин, ба монанди ҳисоби панҷрӯза, ки дар асоси панҷ ангушти дасти инсон сохта шуда буд ва баъдтар вобаста ба даҳ ангушти ду даст «ҳафтаи даҳрӯза», ки аз даҳ рӯз иборат буд, пайдо шуд. Мардумони давраи баъдӣ дар асоси мушоҳидаҳои ҳаракати Моҳ дар атрофи Замин ва ивазшавии шакли зоҳирии он, ки мо бо чашми одӣ дида метавонем, вақтро ҳисоб менамуданд.

Наврӯз аз назари илми нуҷумшиносӣ рӯзест, ки зоҳиран Офтоб дар яке аз ду нуқтаи буриши ҳамвории экватори осмон ва эклиптика воқеъ гардида, аз нимкураи ҷанубии осмон ба нимкураи шимолӣ мегузарад. Ана ҳамин экватори кураи осмон ва ҳамвории эклиптика ҳамдигарро мебуранд. Миқдори нуқтаҳои буриши ин ҳамвориҳо дар як хати рост мехобанд ва Замин аз рӯи мадори худ ҳаракат намуда, ин хати ростро дар ду нуқта мебурад, ки ин нуқтаҳоро дар илми астрономия нуқтаи эътидоли баҳорӣ ва тирамоҳӣ меноманд. Нуқтаҳои эътидоли баҳорӣ ва тирамоҳӣ оғози якхелаи фаслҳои сол дар астрономия ба ҳисоб мераванд. Тири чархиши Замин ба ҳамвории эклиптика перпендикуляр нест, яъне моил аст. Аз сабаби ин моилӣ дар Замин бисёр ҳодисаҳои аҷоиб рӯй медиҳанд, масалан ивазшавии фаслҳои сол, шабонарӯзи шашмоҳа дар минтақаҳои назди қутбӣ ва ғ.

Офтоб ҳангоми ҳаракат аз чор нуқтаи муҳим мегузарад, ки онҳоро нуқтаи эътидоли баҳорӣ (20-21 март), инқилоби тобистона (20-21 июн), эътидоли тирамоҳӣ (22-23 сентябр) ва инқилоби зимистона (21-22 декабр) меҳисобанд. Гарчанде Наврӯз 21 март ҷашн гирифта мешавад, вобаста ба тақвими истифодашаванда расидани Офтоб ба нуқтаи эътидоли баҳорӣ аз 20 то 21 март ба вуқӯъ меояд. Сабаби асосӣ мувофиқ наомадани як даври пурраи гардиши Замин дар атрофи Офтоб (сол) мебошад, соли тақвимӣ номувофиқии давомоти онҳоро нишон медиҳад. Замин дар атрофи Офтоб аз рӯйи мадори эллипс (байзашакл) ҳаракат менамояд, ки сабаби номунтазамии ҳаракати он ё ҳаракати номунтазами Офтоб дар осмони ситоразор аст. Ин сабаби тағйирёбанда будани давомнокии шабонарӯзи ҳақиқии офтобӣ мегардад. Замин ҳангоми ба Офтоб наздик будан ними роҳи солонаро дар 179 шабонарӯз ва ними роҳи аз Офтоб дурро дар 186 шабонарӯз тай менамояд. Масалан, 23 декабр нисбат ба 16 сентябр 51 сония дарозтар аст.

Дар соли 2023 тибқи ҷадвали астрономӣ сайёраи Замин 21 март соати 02:30-и вақти маҳаллии Тоҷикистон аз нуқтаи эътидоли баҳорӣ мегузарад. Барои мо ин вақт ҳамчун Наврӯз машҳур аст. Боз як рӯзи нав фаро расида, дар нимкураи шимолӣ «оғози баҳори астрономӣ шуруъ мегардад».

Мо ба ҷашни Наврӯз ҳамчун мероси маънавию фарҳангии инсоният арҷ мегузорем ва онро гиромӣ медорем, зеро ки Наврӯз бо омаданаш файзу баракат, нозу неъмат ва тозагиву озодакориро ба Ватани азизи мо арзонӣ медорад. Ва эҳсос мекунем, ки бо дастгирӣ ва пуштибонии самимонаи Сарвари давлат мамлакати соҳибистиқлоламон сӯйи ояндаи нек қадамҳои устувор мегузорад ва ҳама орзую омоли наҷиб ва умеду орзуҳои наврӯзии имсолаамон амалӣ мегарданд.

АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво