25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ-2023». Таҳти ин унвон дар пойтахт Фестивали байналмилалӣ баргузор шуд

85
Имрӯз, 21 март дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯзи Душанбе-2023» баргузор гардид, ки дар он намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони бародаршаҳрҳо ва ташкилотҳои аъзо, корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалии муқими пойтахт, роҳбарияти вазорату кумитаҳо, сохтроҳои шаҳрӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
«НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ-2023». Таҳти ин унвон дар пойтахт Фестивали байналмилалӣ баргузор шуд

Фестивалро муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода оғоз намуда, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Шуҳрат Азиззода иштирокдорон ва меҳмонони Фестивалро бо фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯз муборакбод гуфт.
«НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ-2023». Таҳти ин унвон дар пойтахт Фестивали байналмилалӣ баргузор шуд

Сипас Раиси шаҳри Бокуи Озарбойҷон Элдар Азизов, муовини Раиси ҳукумати шаҳри Минск Лазаревич Надежда Анатолевна, муовини Раиси Кумитаи робитаҳои хориҷии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия Арби Абубакров сухан гуфта, саҳми назарраси Тоҷикистонро дар ҷаҳонӣ шудани Наврӯз баланд арзёбӣ намуда, ба шаҳри сайёҳӣ ва макони писандидаи онҳо табдил ёфтани пойтахти тоҷикон — Душанберо махсус таъкид намуданд.
«НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ-2023». Таҳти ин унвон дар пойтахт Фестивали байналмилалӣ баргузор шуд

Дар Фестивали мазкур паёмҳои табрикии видеоии Раиси шаҳри Синдаои Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжао Хаочзи ва Муовини Дабири кулли Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) Ли Баочун ироа гардиданд.

Дар Фестивали мазкур роҳбарияти вазорату кумитаҳо ва идораҳои мамлакат оид ба паҳлуҳои гуногуни Ҷашни байналмилалии Наврӯз маъруза карданд.
«НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ-2023». Таҳти ин унвон дар пойтахт Фестивали байналмилалӣ баргузор шуд

Қисмати дигари Фестивали байналмилалии «Наврӯзи Душанбе-2023» дар «Боғи Ирам»-и пойтахт доир мегардад. Дар ин хусус тафсилоти бештари АМИТ «Ховар» пешниҳод карда мешавад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво