19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе таҷлили бошукуҳи Наврўзи ҷаҳонӣ идома дорад

89
Субҳи барвақт, соати 04:00 дар «Боғи Ғалаба»-и шаҳри Душанбе гулхани наврӯзӣ фурӯзон шуда, маросими суманакпазӣ доир гардид. Аз ин макон корвони наврӯзӣ бо ҳузури Бобои деҳқон ва Маликаи баҳор дар иҳотаи карнайнавозону таблнавозон бо рӯҳияи баланди саршор аз шукргузорӣ аз сарзамини шукуфону гулфишони Тоҷикистон ба гӯшаву канори пойтахт равон шуда, ба сокинону меҳмонон навиди фарорасии Соли нави аҷдодиро расониданд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Корвони наврӯзӣ соати 06:00 аз чор ноҳияи шаҳри Душанбе бо ҳузури Бобои деҳқон ва Маликаи баҳор дар иҳотаи карнайнавозону таблнавозон ба маркази шаҳр ворид шуданд.
Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе таҷлили бошукуҳи Наврӯзи ҷаҳонӣ идома дорад
Ҳамзамон имрӯз сокинони ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, сокинони ноҳияи Фирдавсӣ дар Боғу фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ, сокинони ноҳияи Сино дар майдони Синои пойтахт (назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва сокинони ноҳияи Шоҳмансур дар Боғи Куруши Кабир (назди Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ) бо оростани базми наврӯзӣ оғози Соли нав — Наврӯзи дилафрӯзро ботантана таҷлил намуда истодаанд, ки сокинон ва меҳмонони зиёде аз ин мавзеъҳо дидан менамоянд.
Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе таҷлили бошукуҳи Наврӯзи ҷаҳонӣ идома дорад


Бояд гуфт, ки бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Душанбе ба ифтихори таҷлили сазовори Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар пойтахт як силсила барномаҳои бошукуҳ доир мегарданд. Аз 21 то 30 март дар чор боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳр барномаҳои идона доир карда шуда, дар ин рӯзҳо бо иштироки аҳли санъат ва сокинони ноҳияҳои пойтахт ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз барномаҳои ҳунариву тафреҳӣ ва сайру гашти оммавӣ баргузор мегарданд.
Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе таҷлили бошукуҳи Наврӯзи ҷаҳонӣ идома дорад

Ҳамзамон имрӯз 21 март соати 19:00 дар Муассисаи давлатии «Боғи Истиқлол»-и шаҳри Душанбе барномаи бошукуҳи фарҳангӣ бо иштироки овозхонҳои мамлакат доир карда мешавад.



АКС: манбаъҳои боз




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво