20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Бахшида ба Наврӯз дар Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе барномаҳои омӯзишӣ баргузор шуданд

105
Дар Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани Ҷашни байналмилалии Наврӯз тадбирҳои муассир андешида шуд. Аз ҷумла, дастаи «Патрули сабз» дар доираи иқдоми «Шаҳри сабз», ки дар пойтахт идома дорад, 365 бех гулро дар саҳни ҳавлии Гимназия шинонида, нигоҳубин менамоянд. Ҳамчунин таҳти номҳои «Наврӯз аз нигоҳи илми биология» ва «Наврӯз аз нигоҳи илми астрономия» барномаҳои омӯзишиву маърифатӣ баргузор гардиданд.
Бахшида ба Наврӯз дар Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе барномаҳои омӯзишӣ баргузор шуданд
Тавре масъули чорабиниҳои наврӯзии Гимназияи мазкур ба хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор дошт, роҳбарияти ин муассисаи таълимӣ кӯшиш намуданд, ки ба хонандагон моҳияти Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва заминаҳои ҷаҳонӣ шудани онро бо ташкили расму оинҳои қадимаи халқи тоҷик дар таҷлили ин иди аҷдодӣ фаҳмонданд. Ҳамчунин ба хонандагон оид ба ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди обу иқлим маълумоти муфассал дода шуд.
Бахшида ба Наврӯз дар Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе барномаҳои омӯзишӣ баргузор шуданд
«Хонандагон бояд донанд, ки чаро тоҷикон Наврӯзро бузургтарин ҷашни миллӣ арзёбӣ кардаанд ва моҳияти фалсафиву иҷтимоии он дар чист? Ва чаро мо бояд ба онҳо арҷ гузорем? Бо ташкили ҳар гуна чорабиниҳои омӯзишиву маърифатӣ ба хонандагон оид ба ин суолҳо посух дода шуд», — иброз доштанд онҳо.
Бахшида ба Наврӯз дар Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе барномаҳои омӯзишӣ баргузор шуданд

Тазаккур дода шуд, ки тибқи риояи анъанаҳои наврӯзӣ хонандагони синфи 10-и Гимназия ба дидорбинии омӯзгори собиқадор Ирамгул Сафарова рафта, ба он кас дар маросими «хонатаконӣ» кумак карданд.

Онҳо тасмим гирифтанд, ки минбаъд низ дар арафаи ҷашни Наврӯз ин анъанаро давом дода, ба нафарони ниёзманд дар иҷрои маросими «хонатаконӣ» кумак мерасонанд.
Бахшида ба Наврӯз дар Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе барномаҳои омӯзишӣ баргузор шуданд

Ҳамчунин дар арафаи иди Наврӯз, баъд аз дарсҳои асосӣ барои духтарон маҳфилҳои махсус баргузор гардида, ба онҳо ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла 10 ҳунарҳои пахтапайиву ҳаллоҷӣ ва зардӯзию гулдӯзӣ, инчунин омода кардани хӯрокҳои наврӯзиро омӯзонданд.

Ҳамзамон 18 март дар Гимназия байни гурӯҳҳои гуногуни хонандагон ду чорабинии варзишӣ -гӯштингирию бандкашӣ гузаронида шуданд.Ғолибон бо мукофот ва туҳфаҳо ҳавасманд гардонида шуданд.





Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво