17 июн 2024, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«НАВРӮЗ ВА АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ, ИҶТИМОИЮ ФАРҲАНГӢ». Таҳти ин унвон дар Душанбе конфронс баргузор гардид

206
Имрӯз дар Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Наврӯз ва арзишҳои миллӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ» конфронси илмию амалӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва олимону донишмандони ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Дар конфронс роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар бораи таърих ва моҳияти ин ҷашни пуршукуҳ сухан кард. Иброз дошта шуд, ки саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Наврӯз ва дар замони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ ба ҷашни миллию байналмилалӣ табдил ёфтани он басе назаррас мебошад.

Таъкид гардид, ки Наврӯзи оламафрӯз дар таърихи халқи куҳанбунёди тоҷик анъана ва расму ойине ҳисоб мешавад, ки назир надорад ва аз ҷониби умум пайвандгари маънавии наслҳои инсонӣ эътироф гардидааст. Аз ин рӯ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин замина таъкид доштаанд, ки «Наврӯз, пеш аз ҳама, ҷашни мардумӣ ва як ҷузъи зиндагиву ҷаҳонбинии халқи мо ба ҳисоб меравад».

Бояд гуфт, ки мардуми мутамаддини олам ба хубӣ воқифанд, ки тоҷикон аз ҷумлаи мардумони ориёнажод буда, аз қадимулайём соҳиби фарҳангу маданияти ғанӣ буданд ва офаридаҳои фарҳангӣ ва расму оинҳояшон ба тамаддуни ҷаҳонӣ чун дурдонаҳои пурҷило ворид гардидааст. Аз ҷумлаи оинҳои қадимӣ ва пурғановати онҳо чор ҷашни пуршукуҳи оммавӣ- Наврӯз, Садаву Тиргон ва Меҳргонанд, ки ҳанӯз дар оғози фарҳанги башарӣ ташаккул ёфта, аз он замон ҳаёти маънавию фарҳангӣ ва иҷтимоии ҷомеаҳои гуногунро мунаввар медоранд.

Дар бахши асосии конфронс профессор Равшан Раҳмонӣ баён дошт, ки дар рушду эҳё ва таҳкиму муаррифии Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ саъю талоши бардавоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоистаи таҳсину офарин аст. «Маҳз бо ибтикори фарзонафарзанди тоҷик созмони ЮНЕСКО соли 2009 ин ҷашни пайвандгари наслҳову аслҳоро ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии олам ворид карда, соли 2016 шумораи давлатҳои таҷлилкунандаи Наврӯз хеле зиёд шуд»,-изҳор дошт олими тоҷик.

Тазаккур дода шуд, ки имрӯзҳо дар баробари Наврӯз дар давлатҳои мутамаддини олам иду ҷашнвораҳои гуногуну аҷиберо ба таври оммавӣ баргузор менамоянд, ки шоистаи дастгириву пайравист. Аз ин рӯ тоҷикон ҳам бояд кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки ҳангоми баргузории идҳо, пеш аз ҳама, ҷанбаҳои бунёдкорӣ, миллатсозӣ, ваҳдатофаринӣ, зебоиписандӣ ва эҳсоспарварии онҳо дар мадди назар бошад ва ин хусусияти идҳо зимни таҷлили ин маросим зоҳир гардад.

Иброз гардид, ки фалсафаи ҷашни Наврӯз нав шудани зиндагӣ, эҳёи ҳаёт, аз сардӣ, бадӣ, бадандешӣ халос шудани инсон ва тамоми чизи зинда, хайрандешию некбинии кайҳоншумул, бахт, иқбол ва умед аз ояндаи некро фаро мегирад.

Дар кори конфронс дар бораи ин ва дигар хусусияти Ҷашни байналмилалии Наврӯз маъруза хонда шуд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво