19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАМШЕДӢ. Он на танҳо ба тоҷикон, балки ба кулли мардуми инсондӯсту хирадпарвари сайёра иртибот дорад

236
Наврӯз дар байни расму ойин ва ҷашнҳои суннатии мардуми ориёинажод, аз ҷумла тоҷикон мақоми хос ва ҷойгоҳи вижа дорад. Мардуми мо дар таърихи тӯлонии мавҷудияти хеш вобаста ба замону шароит ҷашнҳои зиёдеро ойин ниҳода, мавриди таҷлил қарор додааст, ки дар фарҳангу тамаддунҳои дигар миллату ақвом бо рангу тобиши гуногун ба ҷилва омада, рӯзгори фарҳангии ононро зебу зинат бахшидаанд. Муҳимтар аз ҳама, Наврӯз руҳи зинда ва суннати зиндаро дар худ таҷассум карда, миёни расму ойин ва ҷашну маросими дигари миллӣ муҳимтарину куҳантарину густурдатарин будааст. Гузашта аз ин, Наврӯз пойдевори фаҳмиши илмии замонӣ ва тақвимӣ дар густураи фарҳанги миллӣ ба шумор рафта, бузургтарин ҷашни фарҳангии ҷаҳонист, ки ҷуғрофияи васеъро фаро гирифта, на танҳо ба як қавму миллату нажод мутааллиқ аст, балки ба кулли мардуми инсондӯсту хирадпарвари сайёра иртибот мегирад. Чунин изҳори назар намудааст дар робита ба ҷашни фархундаи Наврӯзи фархунда Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ.
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАМШЕДӢ. Он на танҳо ба тоҷикон, балки ба кулли мардуми инсондӯсту хирадпарвари сайёра иртибот дорад
Бидуни шак, иди Наврӯз яке аз ҷашнҳои бошукуҳтарини қавмҳои ориёӣ, алалхусус мардуми тоҷик ба шумор меравад. Агар мо даъво пеш оварем, ки “Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст”, ҳеҷ гоҳ иштибоҳ нахоҳем кард, чаро ки маҳз дар ин ҷуғрофия ва густураи таърихӣ аз қадимтарин замонҳо расму ойин ва фарҳангу маросими наврӯзӣ ба ҷилва омада, мояи хушҳолию болидахотирии мардум гардид. Афзун бар ин, талошу кӯшишҳои мардуми фарҳангпарвару тамаддунофари тоҷик тайи таърихи тӯлонӣ умри ҷашнҳои бостонии миллӣ, аз ҷумла Наврӯзро дароз намуда, миллати куҳанбунёди моро дар арсаи байналмилалӣ ба таври бояду шояд муаррифӣ кардааст. Дар заминаи эҳёи суннату маросим ва ойину анъанаҳои побарҷои миллат ташаббусу ибтикороти раҳбарияти олии Тоҷикистон дар симои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон қобили тазаккури махсус аст.НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАМШЕДӢ. Он на танҳо ба тоҷикон, балки ба кулли мардуми инсондӯсту хирадпарвари сайёра иртибот дорад

Ин аст, ки бо кӯшишу талоши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамраъйию ҳамсадоии сарони давлатҳои Эрон, Афғонистон, Туркия, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Озарбойҷон, Мақдуния, Албания ва дигар давлатҳои Ховари Миёна 23 феврали соли 2010 Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба тасвиб расид, ки дар он 21 март ба унвони Рӯзи байналмилалии Наврӯз эътироф гардида, таҷлили саросарии он дар қаламрави кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ба роҳ монда шуд. Ташаббус ва ибтикороти сатҳи ҷаҳонии Сарвари давлат дар заминаи эҳёи фарҳанги наврӯзӣ ва иду ҷашнҳои бостонии миллӣ ҳамовозии тамоми давлатҳои ҳавзаи Наврӯзро ба вуҷуд оварда, роҳро барои муколимоту гуфтугӯҳо ва ҳамкории минбаъдаи сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ, адабӣ, ҳунарӣ ва фарҳангӣ ҳамвор сохт. Аз ҷумла, таҳқиқ ва эҳё намудани ойину анъанаҳои бостонии Иди Наврӯз ва бузургдошти он ҳамчун арзиши бебаҳо барои меросбарони ояндаи миллати мо бояд вазифаи муқаддас бошад. Наслҳои мо бояд аз таърихи хеш огаҳӣ ёбанд ва онро азиз дошта, ҳамеша нигаҳбон бошанд. Тамоми ойинҳои наврӯзӣ сарчашмаи бузурги ахлоқию тарбиявианд ва метавонанд наслҳоро ба покии зоҳиру ботин, садоқату вафодорӣ, бунёдкориву созандагӣ ва зебопарастӣ ҳидоят намоянд. Ин нуктаи муҳимро ба назар гирифта, Сарвари давлат таъкид фармуданд, ки “тамоми ойинҳои неки наврӯзӣ, ки сарчашмаи бузурги ахлоқию тарбиявӣ, бунёдкориву созандагӣ ва зебоипарастӣ мебошанд, имрӯз низ барои мардуми мо муътабар ва ибратомӯзанд”. Ба ин маънӣ, Сарвари давлат бо эҳёи дубораи Наврӯз фарҳанги бостонии миллиро ба тамоми таровату шукуфоӣ зинда карданд ва таҷлили саросарии ин ҷашни бузурги аҷдодӣ, ки сарсилсилаи ҷашнҳои бостонӣ ба шумор меравад, далели гуфтаҳои болост.

Вақте ки дар бораи Наврӯз сухан меравад, бешубҳа, номи шаҳриёри нимаустуравӣ ва ниматаърихии эронитаборон Ҷамшеди Пешдодӣ пеши назар ҷилвагар мешавад. Ба сухани дигар, Наврӯзро бе Ҷамшед ва мутаносибан, Ҷамшедро бе Наврӯз тасаввур кардан имконпазир нест ва ӯ симои марказӣ дар ойин ниҳодани ҷашни Наврӯз маҳсуб мешавад. Тибқи манобеи динӣ ва сарчашмаҳои таърихӣ, Пешдодиён аввалин ва қадимтарин сулолаи ориёӣ будаанд ва дар бахши “Яштҳо”-и “Авасто”, осори паҳлавӣ бо шумули “Минуи хирад”, “Бундаҳишн” ва амсоли инҳо дар бораи онон сухан рафтааст. Мувофиқи маълумоти “Авасто”, Ҳушанг (шоҳи дуюми пешдодӣ дар “Шоҳнома”) унвони парадата – пешдодро дорад. Каюмарс дар “Авасто” ба сифати нахустин инсон муаррифӣ мешавад. Шоҳони сулолаи Пешдодӣ, ба ривояти Ҳаким Фирдавсӣ, 10 нафаранд: Каюмарс, Ҳушанг, Таҳмурас, Ҷамшед, Заҳҳок, Фаридун, Манучеҳр, Нӯзар, Зави Таҳмосп, Гаршосп. Ҳар яке аз подшоҳони пешдодӣ аносири маданияту фарҳангро ба мардуми худ омӯзониданд. Аз ин ҷост, ки Пешдодиёнро чун қаҳрамони маданиятомӯз ном мебаранд. Агар Ҳушанг афрӯхтани оташ, ба даст овардани гавҳар, ҷудо кардани оҳанро аз санг, оҳангарӣ, сохтани табар, арра, теша, либос дӯхтан аз пӯсти санҷоб, қоқум, рӯбоҳ, самурро ба мардум ёд дода, гову хару гӯсфандро ром карда бошад, Таҳмурас силоҳи ҷангӣ ихтироъ намуда, анвои гуногуни хат – румӣ, тозӣ, порсӣ, суғдӣ, чинӣ, паҳлавӣ ва ғайраро ба мардум омӯхт ва дар ниҳоят, Ҷамшеди Пешдодӣ давраи тиллоии фарҳангу сиёсат ва салтанати ориёиро асос гузошт.

Ба ривояти Фирдавсӣ, Ҷамшед дар имтидоди салтанати хеш сохтану мавриди истифода қарор додани силоҳу зиреҳу ҷавшану хафтонро расмият бахшида, аз катону абрешим, пашму қасабу дебо риштану тофтану бофтан ва дӯхтану шустанро ба мардум омӯхт. Дар замони ӯ мардум аз хишту сангу гаҷ сохтани хонаву дар, кохҳо, гармобаҳо ва амсоли инҳоро ёд гирифтанд. Мушк, кофур, уд, анбар, пизишкӣ, киштӣ ва киштиронӣ дар замони Ҷамшед ихтироъ шудаанд. Зимнан, Ҷамшеди Пешдодӣ мардумро ба табақаҳо-руҳониён, сипоҳиён, кишоварзон, ҳунармандон (косибон) тақсим намуда, табақоти иҷтимоиро ба вуҷуд овард.

Ба назари муҳаққиқону устурашиносон, Ҷамшеди Пешдодӣ аз зумраи нахустин ва умдатарин шаҳриёрони фарҳангу сиёсати ориёитаборон аст, ки бо шахсияти вижаи худ ба майдони сиёсату фарҳанги ҷаҳонӣ гом мебардорад ва дар тарозуи ақлу хирад сохтани ҷаҳони навро барои насли инсонӣ шуруъ мекунад. Ҷамшед, ба қавли муҳаққиқон, нахустин инсон ва аввалин шаҳриёри донишманди ориёист, ки мушкилоти рӯзафзуни зиндагиро дар тарозуи хирад баркашида, дар ҳалли масоили муҳимму мубрам аз ақлу хирад мадад ҷустааст. Ин шаҳриёри миллӣ танҳо бо хираду фарҳанг дигаргун кардани ҷомеаи инсониро имконпазир медонист. Ҷамшед ба хотири хушбахт намудани мардум ва аз ҷаҳлу залолат наҷот додани инсоният саъю талош мекард. Наврӯз маҳсули талош, пайкор, сохтусоз, ибтикор, заҳмат ва эҷоду бозофаринии Ҷамшед аст ва ҳар гоҳ, ки Наврӯз ва маросими наврӯзӣ мегӯем, пеш аз ҳама, фарҳанги ҷамшедӣ пеши назар меояд.

Ба ин тартиб, дар фарҳанги ҷамшедӣ ҳар кӯшише, ки бо хирадварзӣ робита дошт ва алорағми ҷаҳлу залолат равона шуда буд, ба пирӯзӣ расида, он пирӯзиро Наврӯз мегуфтанд ва ҳамагон бо шодию сурур онро таҷлил мекарданд. Дар мушкилтарин вазъият, ки ҷаҳолат бар хирад ва разолат бар адолат чангол задан мехост, Ҷамшед падид меомад ва торикӣ (ҷаҳолат)-ро бо рӯшноӣ (хирад) рафъ мекард. Ҳаким Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” ба устураи Ҷамшед таваҷҷуҳ намуда, аз тахти бо неруи хирад сохтаи он шаҳриёри овозадор чунин ёдовар мешавад:

Ба фарри каёнӣ яке тахт сохт,
Чӣ моя бад-ӯ гавҳар андарнишохт.

Ки чун хостӣ дев бардоштӣ,
Зи ҳомун ба гардун барафроштӣ.

Чу хуршеди тобон миёни ҳаво,
Нишаста бад-ӯ шоҳи фармонраво.

Ҷаҳон анҷуман гашт бар тахти ӯ,
Шигифтӣ фурӯ монда аз бахти ӯ…

Мардум Ҷамшедро, ки бо нури меҳру хирад партавафшонӣ менамуд, таҳсин карданд ва бо шодмонӣ он рӯзро Наврӯз эълом дошта, ҷашн гирифтанд. Фирдавсӣ ин лаҳзаи муҳимро, ки дар таърихи фарҳанги тоҷик бо хатҳои заррин навишта шудааст, бо завқи тамом ба тасвир мекашад:

Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд,
Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.

Сари соли нав Ҳурмузи фарвадин,
Баросуда аз ранҷ рӯйи замин.

Бузургон ба шодӣ биёростанд,
Майу ҷому ромишгарон хостанд.

Чунин ҷашни фаррух аз он рӯзгор,
Ба мо монд аз он хусравон ёдгор…

Маҳз Ҷамшеди Пешдодӣ тавонист, ки бо меҳр, хирад ва дод мардумро ба хештаншиносӣ ва ҳувиятсозӣ моил созад. Ба қавли донишмандон, дар даврони Ҷамшед ва айёми Наврӯз мардум ба шукуфоии иқтисодӣ ва рифоҳи молӣ мерасанд, хонаҳои бошукуҳ барпо мекунанд, гармобаҳо месозанд, ҷавоҳирот дуруст карда, атр ба кор мебаранд ва саранҷом дар нозу неъмат ғарқ мешаванд. Тибқи устура, ҷомеаи давраи Ҷамшед зарфи сесад сол чунон дар рифоҳу осоиши маънавию моддӣ ғарқ мешавад, ки ранҷу дард, зулму бадӣ, заъфу нотавонӣ, пирию беморӣ ва маргу нестиро аз ёд мебарорад ва мардум дар фазои ромишу тараб умр ба сар мебаранд. Фирдавсӣ он давраи пуршукуҳро дар се байти зер хеле муассир инъикос кардааст:

Чунин сол сесад ҳамерафт кор,
Надиданд марг андар он рӯзгор.

Зи ранҷу зи бадшон набуд огаҳӣ,
Миён баста девон ба сони раҳӣ.

Ба фармон-ш мардум ниҳода ду гӯш,
Зи ромиш ҷаҳон буд пуровозу нӯш.

Ҳазораи Ҷамшед ҳазораи Наврӯз, ҳазораи хирадварзӣ ва меҳрофарии мардуми эронитабор, аз ҷумла тоҷикон маҳсуб мешавад. Зимистон ва сардӣ дар фарҳанги ориёӣ рамзи торикӣ, ҷаҳолат ва бадбахтӣ буда, тибқи ривоёти бостонӣ, Ҷамшед барои раҳоии мардум аз сардии даҳшатнок диже месозад ва ба ин роҳ инсониятро аз бадбахтӣ ва балои аҳриманӣ наҷот медиҳад. Тибқи иттилои устурашиносон, яхбандӣ ва сардӣ то ба 33 дараҷа расида, зиндагии мардум ҳоли табоҳию вайрониро мегирад ва Ҷамшед бо истифода аз ақлу хирад ва ҳувият мардумро аз ин ҳолати ногувор берун меорад.

Мо медонем, ки вожаи Наврӯз, ки дар забони паҳлавӣ ба сурати “нук”(NOKROCH) омадааст, аз ду бахш таркиб ёфтааст: бахши аввал “НУК”, ба маънии наву ҷадиду тоза ва бахши дуюм ба маънии рӯз аст. Ин вожа, дар маҷмуъ, маънои рӯзи наву тозаи зиндагиро ифода мекунад, Ба сухани дигар, ҳама зебоиву таровиш аз баҳору Наврӯзи зиндагӣ маншаъ мегирад. Аз ойин ва маросими наврӯзӣ, ки асрҳо боз ҳамчунон идома доранд, мушоҳида кардан мумкин аст, ки Наврӯз ҷашни зебоиву зебоишиносӣ ва ба истилоҳ, тамошои вуҷуд мебошад. Маросими наврӯзӣ, аз ҷумла чигунагии оростани суфраю хонҳои ҷашнӣ, тарзи либоспӯшии идона, шеваи муносибату муоширати самимӣ, баҳамоӣ, ваҳдату ҳамбастагӣ, танини суруду овозхониҳои ҳамагонӣ, аскиягӯйиву зарофатпардозӣ, фолгирию раққосӣ, шеърхонию нағмагарӣ ва амсоли инҳо дар маҷмуъ, воқеияти зебоиписандӣ ва зебоиофарии инсониро, новобаста аз тааллуқоти динию мазҳабӣ, сиёсию идеологӣ, нажодию миллӣ ва синфию табақотӣ ба намоиш мегузорад. Гузашта аз ин, Наврӯз ҷашнест, ки ба динияту сиёсат ва мавқеъгириҳои мафкуравӣ кор надорад ва асрҳост, мардумро ба оғӯши гарми худ мехонад ва онҳоро худшиносу зебоипараст мекунад. Ин аст, ки Наврӯз фарҳанги худшиносӣ ва зебоипарастию ҳамбастагист. Ба ин маънӣ ишораи манзуми ҷолибе ҳаст:

Наврӯз, ки ҷашни ҳамсипосӣ бошад,
Дар силсилаи русум асосӣ бошад,

Ҷашне, ки на динӣ, на сиёсӣ бошад,
Дар сархати ҷадвали қиёсӣ бошад,

Чун зубдаи осори ҳамосӣ бошад,
Фарҳанги шукуҳу худшиносӣ бошад.

Аз тарафи дигар, ба кору пайкори созанда даъват кардани мардум ва омодагӣ ба тасмимоту ташаббусоти ҷиддӣ дар меҳвари ҷашну маросими наврӯзӣ қарор дорад. Эҳдои хушҳолӣ ва суруру шодмонӣ барои тамоми мардум ҷанбаи отифӣ ва иҷтимоии ин ҷашни бузурги аҷдодиро муҷассамтар нишон медиҳад. Ба ин далел, Наврӯз ва маросими наврӯзӣ бо шукуҳу зебоӣ ҳамасола мардумро “аз ҳар миллату оташкада” гирди ҳам меоварад ва сари суфраи идона сарҷамъ месозад. Хушҳолӣ намудан ва бар илова, хӯрдану ошомидан, ки аз талаботи муқаррарии иҷтимоист, дар Наврӯз ҷойгоҳи асосӣ дорад, вале ин ҳаргиз ба маънои хӯрдану нӯшидани аз ҳад зиёд ва шикампарварию таносоӣ нест. Баръакс, тавассути омода кардани анвои гуногуни ғизои наврӯзӣ, гирди суфраи идона ҷамъ овардани табақаҳои ҷамъиятӣ, барпо кардани базму тараби ҷашнӣ ҳамзистии мусолиматомези аҳолӣ ва ҳамбастагии иҷтимоӣ ба вуҷуд оварда мешавад. Ба ин маънӣ, ободкорӣ, созандагӣ, ҳамоғӯшӣ бо табиати зиндаву бедор, бахшидани ҳамдигар, дур кардани кинаву адоват ва дар як ҳалқаи наврӯзӣ ҷамъ омадан аз ҷумлаи суннатҳои дерпойи Наврӯзи бостонӣ аст, ки бо ташаббусу ибтикороти Президенти Тоҷикистон сол ба сол бошукуҳтару муҷаллотару ҷаҳонитар мегардад.

Ҳанӯз 27 марти соли 2014 Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими расмии Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Афғонистон таъкид карда буданд, ки тавассути Наврӯз ва ойинҳои наврӯзӣ ҳалқаи васли мардумон ва ҳамгироиву ҳамбастагии халқҳои Осиёи Марказӣ таъмин мегардад. Сарвари давлат дар доираи бардоштҳои наврӯзӣ ҳамчунин тазаккур доданд, ки “барои мисол, бунёди ҳамагӣ чанд неругоҳи обӣ, хатҳои бузурги интиқоли барқ ва лӯлаи газ имкони онро фароҳам меоварад, ки талаботи рӯзафзуни минтақа ва берун аз он бо барқи арзон ва пок, газ, оби ширин ва оби зироатӣ таъмин гардад, садҳо ва ҳатто ҳазорҳо гектар замин обёрӣ шавад, миллионҳо нафар соҳиби ҷойи кор ва маоши муносиб гарданд, суръати рушди иқтисодӣ ҳадди ақалл ду баробар афзоиш ёбад ва нақши геоиқтисодию геостратегии минтақаи мо ҷиддан боло равад”.

Мо бо такя ба дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар самти эҳёи одобу русум ва суннату анъанаҳои неки ниёгон саъю талош хоҳем кард ва дар партави сиёсати хирадмандонаи раҳбарияти олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар заминаи таҷлили бошукуҳи Наврӯзи оламафрӯз ободкорию созандагиро, ки ҳадафи стратегии сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад, пайгирона идома медиҳем. Аз ҳама муҳим, Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ҳамаи давру замон мояи ифтихори мо будаву ҳаст ва хосса, дар шароити имрӯзи бархурдҳои шадиди сиёсиву тамаддунӣ беш аз пеш ба Наврӯз ва ойину маросими наврӯзӣ ниёз дорем, чаро ки ҳар расму одати ин ҷашни куҳанбунёду хирадмеҳвари миллӣ дар худ мушаххасоти ҳувиятиро мепарварад ва аз сол ба сол, аз насл ба насл, аз давр ба давр интиқол медиҳад. Ин аст, ки мо, воқеан, бо Наврӯзи милливу мардумиамон, ки аз рӯзгори Ҷамшед ибтидо мегирад, ифтихор мекунем.

АКС аз манбаъҳои боз




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво