Ба сокинони ноҳияи Муъминобод моҳияти Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд![]() ![]() Гуфта шуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикосгари воқеии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон ва барномаи мукаммали идомаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи сокинони мамлакат ба ҳисоб рафта, муҳтавои Паём аз 23 декабри соли 2022 фарогири он аст, ки нақшаю барномаҳои давлатии роҳандозигардида самари нек ва боварибахш дода, иҷрои онҳо бо кӯшишҳои пайгирона ва ҳамешагии мардуми заҳматпешаамон амалан татбиқ шуда истодааст. Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ҳамчун дастурамали фаъолият вазифаҳои моро муайян намуда, аз ҳар яки мо тақозо менамояд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат софдилонаву содиқона меҳнат намуда, барои ояндаи шукуфонии Ватан талош намоем. Дар вохӯрӣ ҳамчунин вобаста ба тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ, ҳувияту ифтихори миллӣ, шомил нагардидани онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, ҳифз ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, сулҳу ваҳдати комил, меҳру садоқат ба халқу Ватан, фарҳанги либоспӯшӣ, нагаравидани ҷавонон ба ҳама гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву тундрав, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирии нашъамандӣ, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, пардохти ҳаққи неруи барқ, андоз, самаранок истифода намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва пешгирии ҳама гуна бемориҳои сироятӣ ибрози ақида карда шуд. Баргузории суҳбату вохӯриҳо вобаста ба шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия идома дорад. АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод
Матолиби ҳамсон
|
![]() ![]() НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |