Доир ба таҳсилоти фарогир барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид![]() ![]() Дар ҳамоиши мазкур намояндагони Вазорати маориф ва илм, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии назорати давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Намояндаи ЮНИСЕФ ва дигар муассисаҳои давлатӣ иштирок намуданд. Иброз гардид, ки дар сиёсати давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи рушди соҳаи маориф ҷойгоҳи хосса дорад. Барои расидан ба ҳадафҳои миллӣ саҳми ҳар фарди ҷомеа хеле муҳим аст. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд, ки «барои рушди ҳаматарафаи кӯдак ва инкишофи ҷисмониву зеҳнии вай фазои орому озод, муҳити пурмуҳаббат ва эҳсоси ғамхорӣ нисбат ба ӯ лозим аст. Ояндаи ҷомеа дар дасти кӯдакони имрӯз аст, ки фардо ба воя расида, ҷомеаро идора мекунанд. Аммо чӣ гуна ба воя мерасанд ва ҷомеаро чӣ гуна идора мекунанд, аз мо-калонсолон вобаста мебошад». АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Матолиби ҳамсон
|
![]() ![]() НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |