22 апрел 2024, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Имрӯз вохӯрии роҳбарони мақомоти сайёҳии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай доир шуд

867
Имрӯз вохӯрии роҳбарони мақомоти сайёҳии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай доир шудИмрӯз дар шаҳри Варанасаи Ҷумҳурии Ҳиндустон вохӯрии роҳбарони мақомоти сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии мамлакат иттилоъ доданд.

Дар робита ба ҳолат ва дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иброз гардид, ки рушди бемайлони соҳаи сайёҳӣ дар беҳтар намудани вазъи иҷтимоию иқтисодии давлатҳо нақши муҳим дорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи сайёҳӣ бо хусусияти хоси фарҳангӣ ва таърихӣ, табиати дилфиреб, обҳои шифобахш, кӯҳҳои баланд, олами набототу ҳайвонот ва дигар омилҳо яке аз самтҳои афзалиятноки рушди миллӣ ба шумор меравад.

Дар ҷараёни вохӯрӣ иштирокдорон таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ ва дурнамои хатсайрҳои мавҷударо аз нигоҳи сайёҳии бехатар, тавсеаи ҳамкории сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, табодули таҷриба дар рушди инфрасохтори гардишгариро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин роҳбарони мақомоти сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай қарорҳои дахлдор қабул намуданд, ки он барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар байни давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай муҳим арзёбӣ мегардад.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳӣ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво