29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Пулҳои коғазии намуна ва барориши соли 2022 ба муомилот бароварда мешаванд

232
Пулҳои коғазии намуна ва барориши соли 2022 ба муомилот бароварда мешавандБонки миллии Тоҷикистон бо мақсади таъмини иқтисодиёт бо нишонаҳои пулӣ пулҳои коғазии намуна ва барориши соли 2022 бо арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 100, 200 ва 500-сомониро ба муомилот мебарорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ин тасмим дар асоси қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи моддаҳои 65, 67 ва 77 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» гирифта шуда, ҳадафаш таъмин намудани иқтисодиёт бо нишонаҳои пулӣ мебошад.

Тибқи хабари манбаъ, пулҳои коғазии намуна ва барориши соли 2022 бо арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 100, 200 ва 500 дар баробари пулҳои коғазии барориши солҳои 1999, 2010, 2017, 2018 ва 2021, ки дар муомилот қарор доранд, баробар гардиш менамоянд.

Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳамлу нақл, баҳисобгирӣ ва ташкили шароит ҷиҳати ба муомилот баровардани пулҳои коғазии намуна ва барориши соли 2022 бо арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 100, 200 ва 500 сомонӣ тибқи тартиби муқарраршуда тадбирҳои зарурӣ меандешад.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво